Президенти Тоҷикистон, Ҷаноби Олӣ, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар Паёми навбатии хеш ба соҳаи сарнавиштсози ҷомеа - маориф таваҷҷӯҳи хос зоҳир карда, таъкид намуданд, ки омӯзгорон пешбарандаи давлату ҷомеа буда, тақдири насли ояндасоз дар дасти онҳост. Дар ҳақиқат тибқи фармудаи Президент «Омӯзгор дар раванди таълиму тарбия баробари падару модар ва шахсоне, ки онҳоро иваз мекунанд, нақши асосӣ дорад ва ҳамчун роҳнамои маънавӣ барои ба камол расонидани насли шоистаи даврон масъул аст». Ҷомеаи солимро фарзандони солим бунёд мекунанд. Нақши зани тоҷик дар солимгардонии халқу маънавиёти ҷомеа аз ҳарвақта дида бештар ба зуҳур меояд. Симои ахлоқию маънавии Тоҷикистони соҳибистиқлол, Тоҷикистони асри 21-ро аз бисёр ҷиҳат занону модарони мо муайян мекунанд.

Аз зумраи бонувони равшанзамир, сарвари кордону масъулиятшинос, омӯзгори соҳибтаҷриба Биинобат Маҳмудова мебошанд, ки дар шаҳри Хуҷанди бостонӣ муаллимаро чун бонуи равшанзамиру фидокор, сарвари кордону оқила, омӯзгори соҳибтаҷриба мешиносанду дӯст медоранд.

Аҳли маориф ва сокинони шаҳри Хуҷанд дар симои муаллимаи арҷманд зани соҳибдил, оқилаву маслиҳатгар, ҳамрозу ҳамдил, адолатпешаву тарбиятгарро мебинанд, ки ҳастии хешро фидои соҳаи маориф намуда, дар тарбияи насли наврас хидматҳои шоиста намудааст.Муаллима фаъолияти педагогии худро аз соли 1976 пас аз хатми Донишкадаи педагогии ба номи С. М. Киров бо ихтисоси математика-физика дар МТМУ №17 оғоз намуда, ҳамчун сарвари пешоҳангон ва омӯзгори фанни риёзӣ кори хешро шуруъ намуда, баҳри таълиму тарбия ва рушди мактаб нақши мондагор гузоштааст. Баъдан ба ҳайси ҷонишин ва аз соли 1987 ҳамчун директори мактаб ба кору фаъолияти пурсамар машғул гардида, ҷомеаи меҳнатӣ ва шогирдони мактаб дар ин давра ба дастовардҳои шоиста мушарраф гардиданд. Маҳз бо ташаббускорӣ ва навҷӯии Биинобат Маҳмудова буд, ки дар мактаб таълиму тарбия ба тариқи равиявӣ ба роҳ монда шуд ва рейтинги мактаб дар қатори даҳгонаи аввал дар байни муассисаҳои таълимии шаҳр ҷой гирифтааст. Дар давраи фаъолияти кории муаллима 14 нафар дастпарварони мактаб бо медали тилло, 8 нафар бо медали нуқра, ва 36 нафар бо гувоҳномаи аъло сазовор гаштанд ва 8 нафар хатмкунандагони мактаб номзади илмҳои гуногун буда, дар соҳаҳои мухталифи ҳаёт барои ободии Ватани азизамон софдилона хидмат менамоянд.
Хидматҳои арзандаи муаллимаи арҷманд Биинобат Маҳмудовна сазовори Ифтихорномаи Вазорати маорифи Ҷумҳурии Тоҷикистон, унвони «Аълочии маорифи Ҷумҳурии Тоҷикистон» ва ифтихорномаву сипосномаҳои мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Хуҷанд, шуъбаи маориф ва кумитаи иттифоқҳои касаба гардидааст ва ҳамчун аъзои фаъоли Шӯрои занҳо ва тарғиботчиву маслиҳатгари бонувон пайваста хидматҳои шоиста менамояд.

 

Нуъмон Раҷабӣ

Хизматрасониҳои МТИ ва К

Ташрифкунандагон

mod_vvisit_countermod_vvisit_countermod_vvisit_countermod_vvisit_countermod_vvisit_countermod_vvisit_countermod_vvisit_counter
mod_vvisit_counterИмрӯз:65
mod_vvisit_counterРӯзи гузашта:316
mod_vvisit_counterҲамин ҳафта:1318
mod_vvisit_counterҲафтаи гузашта:2190
mod_vvisit_counterҲамин моҳ:5290
mod_vvisit_counterМоҳи гузашта:8444
mod_vvisit_counterҲамагӣ:4605095

Навидҳо аз сомонаҳои расмӣ