Дар асоси Қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, қарорҳои Раиси вилояти Суғд ва Раиси шаҳри Хуҷанд Муассисаи давлатии «Маркази дарёфт ва рушди истеъдодҳо»-и назди шуъбаи маорифи шаҳри Хуҷанд таъсис дода шуд.
Марказ муассисаи таълимии таҳсилоти иловагӣ ба ҳисоб рафта, бо мақсади рушди истеъдод, таъмин намудани хоҳиш ва майлу завқ ба донишандӯзӣ, соҳаҳои фарҳанг, варзиш ва касбомӯзии хонандагону ҷавонон ташкил карда шудааст.

Мудири шуъбаи маорифи шаҳри Хуҷанд Саидмухтор Ҷалолов аз таъсиси Марказ изҳори қаноатмандӣ намуда, зикр намуд, ки «Вазифаҳои асосии Марказ пеш аз ҳама фароҳам овардани шароити мусоид баҳри инкишофи зеҳнию ҷисмонии кӯдакону наврасон, ёрӣ расонидан барои ташаккули қобилияту истеъдод ва шавқу ҳавасмандии онҳо ба донишандӯзӣ, фарҳанг, варзиш ва касбомӯзӣ мебошад. Дар Марказ фаъолияти таълимиву машғулиятҳои иловагӣ ва ё маҳфилҳои таҳсилоти иловагӣ мувофиқи майлу хоҳиш, завқу шавқмандии кӯдакону наврасон ва дигар хоҳишмандон тибқи талабу дархости волидайн ба роҳ монда мешавад. Ғолибони олимпиадаҳои шаҳрӣ, вилоятӣ, ҷумҳуриявӣ, байналмилалӣ ва ҷаҳонӣ (аз муассисаҳои таълимии шаҳр) ба Марказ бидуни санҷиш (танҳо аз рӯи як фан) қабул ва таври ройгон таҳсил мекунанд. Дигар кӯдакону наврасони миқёси шаҳр ва ё берун аз он, ки дар Марказ хоҳиши таҳсили иловагиро доранд, бо розигии волидайн тибқи шартнома таҳсили онҳо сурат мегирад».«Марказ курсҳои тайёрии хонандагонро барои дохил шудан ба мактабҳои олии кишвар ва берун аз он ташкил менамояд. Таҳияи барномаҳо, нақшаҳои таълимӣ, дастур ва дигар маводҳои методиро барои ташкили раванди таълим омода намуда, ҷадвали дарсҳо ва реҷаи кори хонандагонро таҳия менамоянд. Мониторинги сифати дониши хонандагон ва натиҷаҳои кори омӯзгоронро аз ҳар як фан ташкил ва ҳар моҳ ҷамъбаст карда, барои баррасии Шӯрои методӣ ва Шӯрои педагогӣ пешниҳод менамоянд. Ташкил ва баргузории олимпиадаҳои гуногун аз вазифаҳои асосии Марказ ба ҳисоб меравад»-мегӯяд директори Марказ Дилшод Бобоев.
Қабули кӯдакон ба Марказ аз синфи 4 оғоз мешавад. Агар кӯдакони 4 – 10 сола болаёқат ва дорои истеъдод муқаррар шаванд, Марказ барои онҳо ҳафтае як маротиба сӯҳбатҳои инфиродӣ мегузаронад ва барои рушди қобилиятҳои минбаъдаи онҳо чораҳо меандешад. Қабули кӯдакон ва ҷавонони 11 – 18 сола ба Марказ дар давоми сол дар асоси принсипи ихтиёрӣ сурат гирифта, ҳамаи хоҳишмандон тариқи сӯҳбат, баргузории санҷишҳои тестӣ ва корҳои хаттӣ қабул карда мешаванд.
Вобаста ба минтақаи ҷойгиршавии мактабҳо бо ибтикори «Маркази дарёфт ва рушди истеъдодҳо» дар мактаб интернати – ёрирасони шаҳри Хуҷанд, мактаби №12 ва 19 мулоқот бо хонандагони болаёқат баргузор гардид. Дар ин мулоқот мудири шуъбаи маорифи шаҳри Хуҷанд Саидмухтор Ҷалолов, директори Марказ Дилшод Бобоев иштирок ва суханронӣ намуда, ҳадафҳои асосии таъсис додани чунин як маркази дарёфти хонандагони болаёқату соҳибистеъдодро шарҳ доданд. Мавриди зикр аст, ки аз таъсисёбии Марказ агарчанде ҳанӯз як моҳ нагузашта бошад ҳам, аллакай беш аз 600 нафар хонандагони болаёқат ба рӯйхат гирифта шуданд ва онҳо хостори иштирок дар ин маҳфилҳо мебошанд. Айни замон дар Марказ таъсиси 15 маҳфили фаннӣ ба нақша гирифта шудааст ва дар ҳар як гурӯҳ 12 нафар хонандагони болаёқат ба таълим фаро гирифта мешаванд.

 

Нӯъмон Раҷабзода

Хизматрасониҳои МТИ ва К

Ташрифкунандагон

mod_vvisit_countermod_vvisit_countermod_vvisit_countermod_vvisit_countermod_vvisit_countermod_vvisit_countermod_vvisit_counter
mod_vvisit_counterИмрӯз:340
mod_vvisit_counterРӯзи гузашта:316
mod_vvisit_counterҲамин ҳафта:1593
mod_vvisit_counterҲафтаи гузашта:2190
mod_vvisit_counterҲамин моҳ:5565
mod_vvisit_counterМоҳи гузашта:8444
mod_vvisit_counterҲамагӣ:4605370

Навидҳо аз сомонаҳои расмӣ