Муассисаи давлатии «Маркази дарёфт ва рушди истеъдодҳо» аз аввали моҳи апрели соли 2015 тибқи иҷроиши нақшаи тасдиқгардидаи мудири шуъбаи маорифи шаҳри Хуҷанд дар муассисаҳои таҳсилоти миёнаи умумии ҳудуди шаҳр аз рӯи 10 номгӯи фанҳои таълимӣ 20 маҳфили якҷояи таълимии ҳудудӣ ва озмун-викторинаҳоро баргузор намуд. Ҳадаф аз баргузории ин маҳфилҳо пеш аз ҳама дарёфти хонандагони болаёқату соҳибситеъдод мебошад ва вобаста ба мавзуи маҳфилҳо озмунҳо ҷамъбаст гардида, беҳтаринҳо муайян гардиданд.
Санаи 11 апрели бахшида ба Рӯзи кайҳоннавардон дар муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии №20 дар байни мактабҳои №16, 17, 18, 20, МТҒ «Ганҷ» ва дар муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии №14 байни мактабҳои №7, 8, 9, 10, 14 ва 31 озмун-викторинаи ҳудудии шаҳри Хуҷанд таҳти унвони «Инсон ва кайҳон » гузаронида шуд.

Аз ҳудуди якум дар мактаби №20 баргузоргашта ба чунин мувафаққиятҳо ноил гардиданд:
Ҷои аввал ба дастаи «Метеор» аз МТМУ № 20.
Ҷои дуюм ба дастаи «Зан кайҳоннавард» аз МТМУ № 17.
Ҷои сеюм ба дастаи «Кайҳон» аз МТМУ № 16.
Аз ҳудуди дуввум дар мактаби №14 баргузоргашта ба чунин мувафақ-қиятҳо ноил гардиданд:
Ҷои аввал ба дастаи «Ю.А.Гагарин» аз МТМУ № 14.
Ҷои дуюм ба дастаи «Замин хонаи мо» аз МТМУ № 8.
Ҷои сеюм ба дастаи «Шиҳобҳо» аз МТМУ № 10.

Санаи 13 апрели соли равон бахшида ба 70 – солагии иди Ғалаба дар муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии №3 дар байни мактабҳои №3, 16, 27, гимназияи №14, литесейи №1, гимназияи №4 ва дар муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии №22 дар байни мактабҳои №7, 9, 10, 14, 21, 22 ва литсейи №1 озмун-викторинаи ҳудудӣ гузаронида шуд. Хонандагони муассисаҳои таҳсилоти миёнаи умумии дар боло зикргардида дар рафти озмун фаъолона иштирок намуданд.
Аз ҳудуди якум дар мактаби №3 баргузоргашта ба чунин мувафаққиятҳо ноил гардиданд:
Ҷои аввал ба дастаи «Ватандӯст» аз гимназияи № 1.
Ҷои дуюм ба дастаи «Ғалаба I» аз МТМУ № 3.
Ҷои сеюм ба дастаи «Ғалаба II» аз литсейи 1.
Аз ҳудуди дуюм дар мактаби №22 баргузоргашта ба чунин мувафаққиятҳо ноил гардиданд:
Ҷои аввал ба дастаи «Шараф I» аз МТМУ № 22.
Ҷои дуюм ба дастаи «Ватанпарвар» аз МТМУ № 7.
Ҷои сеюм ба дастаи Шараф II» аз МТМУ № 23

Санаи 17 апрели соли равон бахшида ба 70 – солагии иди Ғалаба дар муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии №12 дар байни мактабҳои №6, 12, 15, 28, ЛДП, М/Х Рустамов ва дар муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии №8 дар байни мактабҳои № 7, 8, 9, 10, 14, 21. 22, литсейи №1 таҳти унвони «Муҳофизати табиат ва Замин қарзи ҳар як фард» аст, иштирок намуданд.
Аз ҳудуди якум дар М.Т.М.У №12 баргузоргашта ба чунин мувафаққиятҳо ноил гардиданд:
Ҷои аввал ба дастаи «Генетика» МТМУ № 12.
Ҷои дуюм ба дастаи «Об» МТҒ «Рустамов».
Ҷои сеюм ба дастаи «Гигиена» МТМУ № 15.
Аз ҳудуди дуюм дар мактаби №8 баргузоргашта ба чунин мувафаққиятҳо ноил гардиданд:
Ҷои аввал ба дастаи «Табиат ҳамдилу ҳамрози мо» Литсейи №1.
Ҷои дуюм ба дастаи «Дӯстдорони табиат» МТМУ № 14.
Ҷои сеюм ба дастаи «Ҳомии табиат» МТМУ № 21.
Дар озмун-викторинаи мазкур сармутахассиси Раёсати ҳифзи муҳити зисти вилояти Суғд Собиров Муродҷон ба ҳайси довар иштирок ва суханронӣ намуда, ба ғолибон тӯҳфаҳои хотиравӣ тақдим намуд.

Санаи 18 апрели дар муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии №18 дар байни муассисаҳои таълимии №6, 11, 12, 18, 20 ва дар муассисаи таҳсилоти ғайридавлатии «Файз» дар байни мактабҳои №9, 19, 23, 30 ва МТҒ «Файз» таҳти унвони «Химикони ҷавон» озмун гузаронида шуд.
Аз ҳудуди якум дастаҳо ба чунин мувафаққиятҳо ноил гардиданд:
Ҷои аввал ба дастаи «Пайравони Менделеев» аз МТМУ № 20.
Ҷои дуюм ба дастаи «Протий» аз МТМУ № 18.
Ҷои сеюм ба дастаи «Мӯъҷизоти об» аз МТМУ № 6.
Дар озмун викторинаи мазкур директори Маркази технологияи информатсонӣ ва комуникатсияи иттилоотӣ Шафиев З.Қ. ба ҳайси сарвари ҳакамон иштирок ва табрикоти мудири шуъбаи маорифи шаҳри Хуҷандро ба иштирокчиён расониданд.
Аз ҳудуди дуюм дар МТҒ «Файз» баргузоргашта ба чунин мувафаққиятҳо ноил гардиданд:
Ҷои аввал ба дастаи «Юнқе химики» аз мактаби Файз
Ҷои дуюм ба дастаи «Алмос» аз МТМУ № 9.
Ҷои сеюм ба дастаи «Валент» аз МТМУ № 30.

Санаи 20 апрели бахшида ба 70 – солагии иди Ғалаба дар муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии №12 дар байни мактабҳои №2, 6, 12, 15, 28, МТҒ «Ганҷ» ва дар муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии №22 дар байни гимназияи №4, мактабҳои №8, 13, 22, гим.№24 ва 29 озмун таҳти унвони «Риёзидонҳои оянда» гузаронида шуд.
Аз ҳудуди якум дар мактаби №12 баргузоргашта ба чунин мувафаққиятҳо ноил гардиданд:
Ҷои аввал ба дастаи «Ал – ҷабр 1» аз мтғ «Ганҷ».
Ҷои дуюм ба дастаи «Алгоритм» аз МТМУ № 12.
Ҷои сеюм ба дастаи «Ал – ҷабр 2» аз МТМУ № 15.

Аз ҳудуди дуюм дар мактаби №22 баргузоргашта ба чунин мувафаққиятҳо ноил гардиданд:
Ҷои аввал ба дастаи «Умари Хайём» аз МТМУ № 22.
Ҷои дуюм ба дастаи «Ҳамадон» аз гимназияи № 4.
Ҷои сеюм ба дастаи «Тригонометрия» аз МТМУ № 8.

Санаи 23 апрели дар муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии №28 байни мактабҳои №2, 4, 6, 12, 15. 28 ва дар муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии №19 байни мактабҳои №9, 11, Гим.13, 19, 25, 30 таҳти унвони « Забони англисӣ радиф надорад» озмун баргузор гардид.
Аз ҳудуди якум дар мактаби №28 баргузоргашта ба чунин мувафаққиятҳо ноил гардиданд:
Ҷои аввал ба дастаи«Explorers» МТМУ № 28.
Ҷои дуюм ба дастаи «Eogeis» МТМУ № 12.
Ҷои сеюм ба дастаи «Universal» МТМУ № 15.
Аз ҳудуди дуюм дар мактаби №19 баргузоргашта ба чунин мувафаққиятҳо ноил гардиданд:
Ҷои аввал ба дастаи «Victory» МТМУ № 9.
Ҷои дуюм ба дастаи «The English lovers»
Ҷои сеюм ба дастаи «Smile» МТМУ № 30.

Санаи 24 апрели дар гимназияи №1 байни муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии №3, 4, 5, 26, 27, гимназияи №1 ва дар муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии №22 байни мактабҳои № 19, 22, 23, 24, 31 таҳти унвони «Об – барои ҳаёт ва оилаи солим» озмун гузаронида шуд.
Аз ҳудуди якум дар гимназияи №1 баргузоргашта ба чунин мувафаққиятҳо ноил гардиданд:
Ҷои аввал ба дастаи «Обу ободонӣ» аз МТМУ № 3.
Ҷои дуюм ба дастаи «Дӯстии халқҳо» аз гимназияи № 1.
Ҷои сеюм ба дастаи «Сайхун» аз гимназияи № 4.
Аз ҳудуди дуюм дар мактаби №22 баргузоргашта ба чунин мувафаққиятҳо ноил гардиданд:
Ҷои аввал ба дастаи «Замин» аз МТМУ № 22.
Ҷои дуюм ба дастаи «Сарез» аз гимназияи №24.
Ҷои сеюм ба дастаи «Қатраи об» аз МТМУ № 23.

Санаи 25 апрели дар муассисаи таҳсилоти ғайридавлатии «Гулчини маърифат» байни мактабҳои № 16, М/Х «Кавсар», «Гёте», «Паймони Азизон», Дониш, «Гулчини маърифат» ва литсейи №1 ба номи Осимӣ байни мактабҳои №7, 8, 10, 14, 25 ва литсейи №1 таҳти унвони «Саҳми технологияи муосир дар ҳаёти имрӯза»озмун гузаронида шуд.
Аз ҳудуди якум дар мактаби «Гулчини маърифат» баргузоргашта ба чунин мувафаққиятҳо ноил гардиданд:
Ҷои аввал ба дастаи «Arpanet» аз гимназияи «Кавсар».
Ҷои дуюм ба дастаи «Windows» аз мтғ «Гете».
Ҷои сеюм ба дастаи «Microsoft» аз мтғ «Гулчини маърифат».
Аз ҳудуди дуюм дар литсейи №1 ба номи М.Осимӣ баргузоргашта ба чунин мувафаққиятҳо ноил гардиданд:
Ҷои аввал ба дастаи «Нано технология» литсейи № 1.
Ҷои дуюм ба дастаи «Қисмҳои компютер» аз МТМУ № 8.
Ҷои сеюм ба дастаи «Антивирус» аз МТМУ № 10.
Санаи 27 апрели дар муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии №11 дар байни мактабҳои №5, 11, 15, 26, Дониш ва дар муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии №23 байни мактабҳои №9, 19, 23, 30, 14 ва М/Х «Файз» таҳти унвони «Оила аз нигоҳи адибони форсу тоҷик» озмун гузаронида шуд.
Аз ҳудуди якум дар мактаби №11 баргузоргашта ба чунин мувафаққиятҳо ноил гардиданд:
Ҷои аввал ба дастаи «Ҳаёт» аз МТМУ № 15.
Ҷои дуюм ба дастаи «Роҳ ба сӯи оянда» аз МТҒ Дониш.
Ҷои сеюм ба дастаи «Оила-пойдевори давлат» аз МТМУ № 5.
Аз ҳудуди дуюм дар мактаби №23 баргузоргашта ба чунин мувафаққиятҳо ноил гардиданд:
Ҷои аввал ба дастаи «Ҳикмат» аз МТМУ № 9.
Ҷои дуюм ба дастаи «Ошёни меҳр» аз МТМУ № 30.
Ҷои сеюм ба дастаи «Оила ошёнаи меҳру вафо» аз МТМУ № 23.
Санаи 28 апрели дар литсейи донишкадаи политехникӣ дар байни мактабҳои №2, 12, 15, 18, 28, литсейи №1, М/Х Рустамов, ЛДП ва дар гимназияи № 24 байни гимназияи 4, мактабҳои №8, 13, 22, 24 ва 29 таҳти унвони «Шоирону нависандагон дар давраи Ҷ.Б.В.» озмун гузаронида шуд.
Аз ҳудуди якум дар ЛДП баргузоргашта ба чунин мувафаққиятҳо ноил гардиданд:
Ҷои аввал ба дастаи «Цветы победы» ЛДП.
Ҷои дуюм ба дастаи «Непокоренный» аз литсейи № 1.
Ҷои сеюм ба дастаи «Миру мир» аз МТМУ № 28.
Аз ҳудуди дуюм дар гимназияи №24 баргузоргашта ба чунин мувафаққиятҳо ноил гардиданд:
Ҷои аввал ба дастаи «Потомки победители» аз гимназияи № 4.
Ҷои дуюм ба дастаи «Виктория» аз гимназияи № 24.
Ҷои сеюм ба дастаи «Подвиг» аз МТМУ № 22.
Дар ҷамъбасти ҳамаи озмун-викторинаҳо ғолибон бо сипосномаи мудири шуъбаи маорифи шаҳри Хуҷанд қадрдонӣ карда шуданд.
Дар озмун-викторинаи ҳудудӣ 708 нафар хонанедагони болаёқат иштирок карданд, 18 нафар омӯзгорони пуртаҷриба аз Донишгоҳи давлатии Хуҷанд ба номи академик Бобоҷон Ғафуров ва 68 нафар омӯзгорони муассисаҳои таълимии шаҳри Хуҷанд вобаста ба тақсимоти ҳудудӣ барои гузаронидани озмун – викторина ба сифати ҳакамон иштирок ва фикру мулоҳизаҳои худро баён намуданд.

Хизматрасониҳои МТИ ва К

Ташрифкунандагон

mod_vvisit_countermod_vvisit_countermod_vvisit_countermod_vvisit_countermod_vvisit_countermod_vvisit_countermod_vvisit_counter
mod_vvisit_counterИмрӯз:38
mod_vvisit_counterРӯзи гузашта:320
mod_vvisit_counterҲамин ҳафта:358
mod_vvisit_counterҲафтаи гузашта:2624
mod_vvisit_counterҲамин моҳ:3285
mod_vvisit_counterМоҳи гузашта:10519
mod_vvisit_counterҲамагӣ:4186840

Навидҳо аз сомонаҳои расмӣ