Олимпиадаи синфҳои ибтидоӣ дар мактаби таҳсилоти миёнаи умумии №14 баргузор гардид.
Ҳадаф аз ташкил ва доир намудани Олимпиада баланд бардоштани шавқу завқи хонандагони хурдсол ба омӯхтани илму дониш, дарёфт намудани толибилмони соҳибистеъдоду болаёқат ва омода кардани онҳо ба озмуну Олимпиадаҳои минбаъда мебошад. Таҳлилҳо нишон медиҳанд, ки сафи иштирокчиёни Олимпиада сол аз сол бештар мегарданд. Агар соли гузашта дар Олимпиадаи мазкур 1085 нафар хонандагони синфҳои ибтидоӣ иштирок намуда бошанд, имсол теъдоди довталабон ба 232 нафар афзудааст.
Мавриди зикр аст, ки дар гузаронидани Олимпиадаи имсола низ бо мақсади муайян намудани истеъдодҳои асил, шахсиятҳои лаёқати фаъоли зеҳнидошта дониши ҳар як иштирокчии озмун аз фанҳои: забони тоҷикӣ, забони русӣ ва математика санҷида шуд.

Ҳамчунин таълимгирандагони мактабҳои таҳсилоти умумӣ ва мактабҳои типи нав аз рӯи супориши ягона шартҳоро иҷро намуданд. Хонандагон донишу истеъдоди худро аз фанни забони тоҷикӣ, забони русӣ аз рӯи шартҳои: диктант ва аз фанни математика бошад, аз рӯи 5 шарт: ҳалли масъала, иҷрои амалҳо, ҳалли муодила, қимати ифодаҳо, ёфтани периметр ва масоҳати росткунҷа нишон доданд. Ба кори иҷрокардаи хонандагон ҳайати ҳакамон баҳои воқеӣ доданд. Метавон бо ифтихор аз фаъолияти хуби омӯзгорони синфҳои ибтидоии мактабҳои №5,8,9,10,14,16,18,21,22,23,25,26,28,30 гимназияҳои №1,4,24, мактабҳои хусусии Пӯлотов, Паймони азизон, Гулчини маърифат, Рустамов, Файз, Дониш, Иршод, гимназияҳои Кавсар, Гёте, Ганҷ ёдовар шуд, ки шогирдонашон бо донишу саводи баланд сазовори мақомҳои ифтихорӣ гардиданд.
Беҳтарин иштирокчиёни Олимпиада, ки теъдодашон ба 31 нафар мерасад, ғолибиятро ба даст оварда, шарафи мактаби азизашонро ҳимоя карданд.
Дар ҷамъбасти олимпиада мудири шуъбаи маорифи шаҳри Хуҷанд Саидмухтор Ҷалолов ғолибони олимпиадаро таҳният гуфта, таъкид кард, ки:
«Имрӯз ба симои шумо хонандагони синфҳои ибтидоӣ, ки булбулакони боғи дониш ҳастед, нигариста, мо омӯзгорон хеле хурсанду хушнуд мегардем. Зеро ҳамаи шумо толибилмони азиз аз беҳтарин хонандагони синфҳои ибтидоии шаҳри Хуҷанд буда, бо қобилияту лаёқати хос ба дастовардҳои назаррас ноил гардида, ғолибият ба даст овардед.
Хонандагони азиз фарзандони бовафо ва асили миллати худ бошед, Ватани худро дӯст доред, обод кунед ва қадр намоед. Умеду орзуи волидайни азиз ва омӯзгорони иззатманди худро амалӣ гардонед.
Бо ҳамин орзую ниятҳои наҷиб ҳамаи Шумоёнро ба муносибати ғолиб гардидан дар Олимпиада табрику муборакбод намуда, бароятон сиҳату саломатӣ, умри дароз, саодату хушбахтӣ ва дар фатҳи қуллаҳои баланди илму дониш барору комёбиҳо хоҳонам».
Баъдан дар вазъияти тантанавӣ ба ғолибони олимпиада диплом ва туҳфаҳои хотиравӣ тақдим карда шуд.

Нӯъмон Раҷабзода

Хизматрасониҳои МТИ ва К

Ташрифкунандагон

mod_vvisit_countermod_vvisit_countermod_vvisit_countermod_vvisit_countermod_vvisit_countermod_vvisit_countermod_vvisit_counter
mod_vvisit_counterИмрӯз:367
mod_vvisit_counterРӯзи гузашта:484
mod_vvisit_counterҲамин ҳафта:1545
mod_vvisit_counterҲафтаи гузашта:2325
mod_vvisit_counterҲамин моҳ:7842
mod_vvisit_counterМоҳи гузашта:8444
mod_vvisit_counterҲамагӣ:4607647

Навидҳо аз сомонаҳои расмӣ