Дар Шӯрои навбатии шуъбаи маорифи шаҳри Хуҷанд 7 масъала мавриди таҳлилу баррасӣ қарор гирифт. Мудири шуъбаи маориф Саидмухтор Ҷалолов сардори раёсати маорифи вилояти Суғд Осим Каримзода ва иштирокчиёнро хайрамақдам гуфта, ба таҳлили масъалаҳои баррасишаванда шуруъ кард.
Дар Шӯрои шуъбаи маориф масъалаҳои: ҷамъбасти фаъолияти семоҳаи якуми шуъбаи маориф, ҳисоботи панҷсолаи директорони муассисаҳои таълимии №11,18,30 ва гимназияҳои №1,13, натиҷаи аттестатсияи мактабҳои таҳсилоти миёнаи умумии №16, 25, муассисаи таҳсилоти томактабии №11, натиҷаи аккредитатсияи мактабҳои таҳсилоти миёнаи умумии №3,14,25, гимназияи №1, иҷрои меъёрҳои корҳои хаттӣ ва лабораторӣ дар муассисаҳои таълимии №27,30,31, М/Х Пулотов, рафти иҷроиши Барномаи рушди соҳаи тарбияи томактабӣ, рафти иҷрои қарори мушовараи ғайринавбатии Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон дар бораи тартиби ба иҷора додани китобҳои дарсӣ, натиҷаҳои рӯзҳои шуъбаи маориф дар гимнразияи 313, муассисаҳои таҳсилоти миёнаи умумии №28, 31, масъалаҳои ҷорӣ мавриди таҳлилу баррасии амиқ қарор гирифтанд.

 

Мудири шуъбаи маорифи шаҳри Хуҷанд Саидмухтор Ҷалолов оид ба масъалаи якуми рӯзномаи Шӯро маърӯза карда, фаъолияти шуъбаи маорифро дар семоҳаи якум мавриди баррасӣ қарор дод. Дар баробари дастоварду комёбиҳои назарраси аҳли маориф ба камбудиҳои мавҷуда дар раванди таълиму тадрис ишора карда, мудири маориф бо вазифагузориҳо барои ислоҳи саривақтии онҳо дастуру супориш дод.
Оид ба масъалаҳои баррасишуда кормандони шуъбаи маориф О. Ғафурова, М. Акмалхӯҷаева, М. Мансурова, З. Набиева маърӯза намуда, фикру мулоҳиза ва пешниҳодҳояшонро барои боз ҳам баланд бардоштани сатҳи таълиму тарбия баён намуданд.
Сардори раёсати маорифи вилояти Суғд Осим Каримзода аз фаъолияти аҳли маорифи шаҳр изҳори қаноатмандӣ намуда, таъкид намуд, ки мо бояд ҳама барои амалӣ намудани дастуру супоришҳои Сарвари кишвар, Президенти Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва боз ҳам баланд бардоштани сатҳи таълиму тарбияи насли наврас саъю талош намоем.
Баъдан дар вазъияти тантанавӣ барои хидматҳои арзанда дар рушди соҳаи маориф ва таълиму тарбияи шоистаи насли наврас ба як зумра омӯзгорони шаҳр унвони «Аълочии маорифи Тоҷикистон» ва ба ғолибони олимпиадаи вилоятӣ ифтихорномаҳо супорида шуд.

Хизматрасониҳои МТИ ва К

Ташрифкунандагон

mod_vvisit_countermod_vvisit_countermod_vvisit_countermod_vvisit_countermod_vvisit_countermod_vvisit_countermod_vvisit_counter
mod_vvisit_counterИмрӯз:0
mod_vvisit_counterРӯзи гузашта:589
mod_vvisit_counterҲамин ҳафта:2240
mod_vvisit_counterҲафтаи гузашта:3523
mod_vvisit_counterҲамин моҳ:1607
mod_vvisit_counterМоҳи гузашта:9451
mod_vvisit_counterҲамагӣ:4270640

Навидҳо аз сомонаҳои расмӣ