Бо мақсади ташаккул додани шавқу завқи хонандагон ба омӯзиши илму маърифат ва ҷалби бештари онҳо ба тадқиқоти илмӣ, навиштани мақолаву гузоришҳои тадқиқотӣ ва дар ин замина дарёфт кардани хонандагони болаёқату соҳибистеъдод санаи 8-уми апрел дар МТМУ №23 сессияи шаҳрии Академияи хурди илмҳо ба кори худ оғоз бахшид. Он аз рӯи 17 бахш гузашта, дар он 403 нафар хонандагон аз мактабҳои шаҳр иштирок намуданд.

Рӯзи аввал барои бахшҳои гуманитарӣ (рӯзноманигорӣ, забон ва адабиёти тоҷик, забон ва адабиёти рус, забони англисӣ, забони олмонӣ, таърих ва тиб) ва рӯзи дуюм (09.04.15) барои бахшҳои илмии дақиқ (технологияи информатсионӣ, химия, биология, экология, физика-астрофизика, иқтисодиёт, математика, педагогика-психология) муайян гашта буд. Рӯзи саввум бошад, сессия кори худро тамом карда, фаъолияти хешро натиҷабардорӣ намуд. Он рӯз дар фазои тантанавӣ мудири шуъбаи маорифи шаҳр Ҷалолов С.Ҷ. ва намояндаи Раёсати маорифи вилояти Суғд Султонова Р. ғолибонро бо дипломҳои дараҷаи 1,2 ва 3 сарфароз гардониданд.

Дар охир ҳамин нуктаро тазаккур бояд сохт, ки миёни мактабҳои шакли фаъолияташон чӣ давлативу чӣ хусусӣ хонандагони муассисаҳои таълимии мтму №9,22,23, литсеи физикӣ-математикии №1, гимназияи №1, 24, гимназияи «Кавсар», «Гёте», «Ганҷ», м.х. «Гулчини маърифат», «Дониш», «Пӯлотов», «Паймони азизон», ЛДП бештар сазовори ҷойҳои намунавӣ гаштанд. Яктогӣ ҷой гирифтагон муассисаҳои таълимии №2,7,8,14,15,16,19,20,28,31,гимназияи №4,13, м.х. «Мактаби Иршод», «Файз», «Рустамов» буданд. Боқимонда мактабҳо умуман ҷой нагирифтанд. Боқӣ худ қазоват намоед, хонандагони азиз!

Маъмурова М.А. –
корманди МТИ ш.Хуҷанд

Хизматрасониҳои МТИ ва К

Ташрифкунандагон

mod_vvisit_countermod_vvisit_countermod_vvisit_countermod_vvisit_countermod_vvisit_countermod_vvisit_countermod_vvisit_counter
mod_vvisit_counterИмрӯз:30
mod_vvisit_counterРӯзи гузашта:476
mod_vvisit_counterҲамин ҳафта:1759
mod_vvisit_counterҲафтаи гузашта:2190
mod_vvisit_counterҲамин моҳ:5731
mod_vvisit_counterМоҳи гузашта:8444
mod_vvisit_counterҲамагӣ:4605536

Навидҳо аз сомонаҳои расмӣ