Дар Шӯрои навбатии шуъбаи маорифи шаҳри Хуҷанд 5 масъала мавриди таҳлилу баррасӣ қарор гирифт. Мудири шуъбаи маориф Саидмухтор Ҷалолов муовини Раиси шаҳр Умеда Муродова ва иштирокчиёнро хайрамақдам гуфта, ба таҳлили масъалаҳои баррасишаванда шуруъ кард. Дар Шӯрои шуъбаи маориф масъалаҳои: ҳисоботи фаъолияти шуъбаи маориф барои соли 2014 ва вазифаҳои муассисаҳои таълимӣ дар соли 2015, ҳисоботи роҳбарони мактабҳои №11,17, литсейи №1, гимназияи №1 ва МТТ №5,14,18, натиҷаи аттестатсияи мактабҳои таҳсилоти миёнаи умумии №14, 25, 29, гимназияи №1, муассисаи таҳсилоти томактабии №20, натиҷаи ҷамъбасти марҳилаҳои якум ва дуюми рейтинги якум дар муассисаҳои таълимӣ, натиҷаи Олимпиадаи шаҳрии хонандагон аз фанҳои таълимӣ дар соли хониши 2014-2015, пешниҳоди шуъбаи Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар шаҳри Хуҷанд оиди бартараф намудани сабаб ва шароитҳое, ки боиси содиршавии ҷиноят гардидаанд, мавриди таҳлилу баррасии амиқ қарор гирифтанд.

Мудири шуъбаи маорифи шаҳри Хуҷанд Саидмухтор Ҷалолов оид ба масъалаи якуми рӯзномаи Шӯро маърӯза карда, фаъолияти шуъбаи маорифро дар соли 2014 мавриди баррасӣ қарор дод. Дар баробари дастоварду комёбиҳои назарраси аҳли маориф ба камбудиҳои мавҷуда дар раванди таълиму тадрис ишора карда, мудири маориф бо вазифагузориҳо барои ислоҳи саривақтии онҳо дастуру супориш дод. Оид ба масъалаҳои баррасишуда кормандони шуъбаи маориф О. Ғафурова, М. Носирова, М. Акмалхӯҷаева, М. Мансурова маърӯза намуда, фикру мулоҳиза ва пешниҳодҳояшонро барои боз ҳам баланд бардоштани сатҳи таълиму тарбия баён намуданд.
Муовини Раиси шаҳри Хуҷанд Умеда Муродова аз фаъолияти аҳли маорифи шаҳр изҳори қаноатмандӣ намуда, барои ислоҳи саривақтии баъзе аз камбудиҳои мавҷуда супоришҳои мушаххас дод. Мавсуф перомуни Паёми навбатии Президенти Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон андешаронӣ карда, таъкид намуд, ки мо бояд ҳама барои амалӣ намудани дастуру супоришҳои Сарвари кишвар ва боз ҳам баланд бардоштани сатҳи таълиму тарбияи насли наврас саъю талош намоем.

Баъдан дар вазъияти тантанавӣ барои хидматҳои арзанда дар рушди соҳаи маориф ва таълиму тарбияи шоистаи насли наврас ҷонишини директор оид ба таълими МТМУ №8 Хайринисо Иброҳимова бо унвони «Аълочии маорифи Ҷумҳурии Тоҷикистон» қадрдонӣ карда шуд.
Дар қисмати масъалаҳои ҷорӣ дар бораи баргузории семинар-машварати омӯзишӣ барои ҷонишинони директор оид ба таълим доир ба низоми ИМД, дархости мактабҳо ба озмуни шаҳрии «Муаллими сол-2015», пешниҳоди маълумотнома оид ба иҷрои нақшаи чорабиниҳо дар давраи таътили зимистона ва ғайра мавриди муҳокима ва баррасӣ қарор гирифт.

 

Нуъмон Раҷабзода

Хизматрасониҳои МТИ ва К

Ташрифкунандагон

mod_vvisit_countermod_vvisit_countermod_vvisit_countermod_vvisit_countermod_vvisit_countermod_vvisit_countermod_vvisit_counter
mod_vvisit_counterИмрӯз:193
mod_vvisit_counterРӯзи гузашта:273
mod_vvisit_counterҲамин ҳафта:1130
mod_vvisit_counterҲафтаи гузашта:2190
mod_vvisit_counterҲамин моҳ:5102
mod_vvisit_counterМоҳи гузашта:8444
mod_vvisit_counterҲамагӣ:4604907

Навидҳо аз сомонаҳои расмӣ