Бо мақсади тақвият бахшидани завқу шавқи хонандагон ба омӯзиши илму техника, ихтироъкориву навоварӣ ва ташаккули тафаккури техникии онҳо тибқи иҷроиши фармоиши шуъбаи маорифи шаҳри Хуҷанд озмуни шаҳрии «Техникони наврас» гузаронида шуд. Дар ин озмун аз 15 муассисаҳои таълимии шаҳр 201 нафар хонандагон ширкат варзида, корҳои амалию эҷодии хешро пешниҳод намуданд.

Натиҷаи иштироки фаъолонаи роҳбарони маҳфилҳои техникии гимназияҳои №1,4,13,24, мактабҳои №5,10,14,15,19,20,22,23,26,28,31, литсейи № 1, м/х Пӯлотов, «Гулчини маърифат», «Паймони азизон», «Иршод», ЛДП буд, ки дар даври мактабӣ ва шаҳрии озмуни «Техникони наврас» корҳои амалӣ-эҷодии аъзоёни маҳфилҳои онҳо ҷойҳои намоёнро ишғол намуданд.

Ҳайати доварон корҳои иштирокчиёнро аз назар гузаронида, беҳтаринҳоро муайян намуданд. Дар бахши радиоконструкторӣ Бердиев Шероз аз гимназияи № 13, Акашехов Мубин аз МТМУ № 26, Ҳомидов Мирзобахтиёр аз гимназияи № 1 сазовори ҷойҳои якум, дуюм ва сеюм гардиданд.Дар бахши авиамоделӣ Шамсиев Фаридун («Гулчини маърифат»), Абдуллоев Баҳодур (Гимназияи №4), Файзуллоҷонов Маъруф (МТМУ№23) сазовори се мақоми аввал гаштанд.

Дар бахши мошинаи ояндаи коинот Муродова Азиза аз М/Х «Гулчини маърифат» мақоми аввал, Иброҳимов Азимҷон аз МТМУ №14 мақоми дуюм ва Раҳимов Илҳом аз МТМУ №10 мақоми сеюмро соҳиб гардиданд.
Дар бахши киштии ояндаи обӣ Дӯстматов Ғайратҷон (Паймони азизон), Ӯлмасов Дилшод (Иршод), Исломиддин Таваккалзода (гимназияи №1) се ҷойи аввалро созовор гардиданд.
Дар бахши автомоделӣ Орифбоев Абдуғафур (МТМУ №19), Саидова Макнуна (МТМУ№22), Атоев Саидаъзам (МТМУ№5) ба мақоми якум, дуюм ва сеюм мушарраф гаштанд.
Дар бахши ҳимояи шаҳри оянда Бобокалонова Парвина (гимназияи №24), Аминов Амирҷон (ЛДП) сазовори мақоми якум ва дуюм, Бадалов Наҷибулло (МТМУ№22) ва Ҳакимов Дилшод (МТМУ№31) соҳиби ҷойи сеюм гардиданд.

Дар бахши ихтироъкорӣ Раҳимов Комилҷон аз МТМУ № 15 сазовори мақоми аввал, Муҳиддинов Фаридун аз М/Х Пӯлотов ҷойи дуюм, Почоев Ҷаъфархон аз гимназияи № 24 ва Олимов Низомиддин аз литсейи № 1 мақоми сеюмро мушарраф гаштанд.
Дар ҷамъбасти озмун мудири шуъбаи маорифи шаҳри Хуҷанд Саидмухтор Ҷалолов ҳамаи иштирокчиён ва ғолибони озмунро табрик гуфта, таъкид кард, ки аз мо бояд аз бурду бохти шогирдон хулоса бардошта, корҳои эҷодӣ ва амалии онҳоро то ба ҳадди ниҳоӣ расонем ва шарафи шаҳри Хуҷандро дар сабқатҳои вилоятиву ҷумҳуриявӣ сарбаландона дифоъ намоем.

 

Нуъмон Раҷабзода

Хизматрасониҳои МТИ ва К

Ташрифкунандагон

mod_vvisit_countermod_vvisit_countermod_vvisit_countermod_vvisit_countermod_vvisit_countermod_vvisit_countermod_vvisit_counter
mod_vvisit_counterИмрӯз:185
mod_vvisit_counterРӯзи гузашта:392
mod_vvisit_counterҲамин ҳафта:958
mod_vvisit_counterҲафтаи гузашта:2135
mod_vvisit_counterҲамин моҳ:3954
mod_vvisit_counterМоҳи гузашта:8384
mod_vvisit_counterҲамагӣ:4176990

Навидҳо аз сомонаҳои расмӣ