Дар пойтахти кишварамон – шаҳри Душанбе аз санаи 10 то 12-уми декабр даври ниҳоии озмуни «Муаллими сол-2014» баргузор гардид. Дар ин озмун 5 нафар омӯзгорони фаъолу эҷодкори ҷумҳурӣ: С.Ғаффорова (шаҳри Душанбе), З.Боқиева (шаҳри Хуҷанд), М.Амирбекова (шаҳри Хоруғ), Т.Назаров (шаҳри Қурғонтеппа), М.Идиев (ноҳияи Рашт) ҳунару истеъдоди худро аз рӯи 7 шарт: муаррифии таҷрибаи корӣ, маҷлиси падару модарон, дарси конкурсӣ аз рӯи ихтисос, таҳлили дарс, соати тарбиявӣ, ҷавоби дуруст додан ба 10 савол, кор бо компютер иҷро намуданд.
Зебоҷон Боқиева аз МТМУ №28 бо ҳунару истеъдоди баланд баромад карда, бо гирифтани мақоми ифтихорӣ мушарраф гардид. Вазири маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Нуриддин Саид дар вазъияти тантанавӣ ба Зебоҷон Боқиева ифтихорнома, нишони «Аълочии маорифи Тоҷикистон» ва тӯҳфаҳои хотиравиро тақдим намуд.   

Муҳайёхон Акмалхуҷаева,
сармутахассиси шуъбаи
маорифи шаҳри Хуҷанд.

Хизматрасониҳои МТИ ва К

Ташрифкунандагон

mod_vvisit_countermod_vvisit_countermod_vvisit_countermod_vvisit_countermod_vvisit_countermod_vvisit_countermod_vvisit_counter
mod_vvisit_counterИмрӯз:280
mod_vvisit_counterРӯзи гузашта:316
mod_vvisit_counterҲамин ҳафта:1533
mod_vvisit_counterҲафтаи гузашта:2190
mod_vvisit_counterҲамин моҳ:5505
mod_vvisit_counterМоҳи гузашта:8444
mod_vvisit_counterҲамагӣ:4605310

Навидҳо аз сомонаҳои расмӣ