Дар гимназияи №24-и шаҳри Хуҷанд олимпиадаи шаҳрии мактаббачагон аз фанҳои таълимӣ оғоз гардид. Олимпиадаро мудири шуъбаи маорифи шаҳри Хуҷанд Саидмухтор Ҷалолов ҳусни оғоз бахшида, ба иштирокчиёни он барору комёбиҳо таманно намуда, зикр кард:  «Илму маърифат омили асосии пешрафту тараққиёти миллату кишвар ва чароғи мунаввари бахту саодати инсоният мебошад. Ба ин мазмун чуноне, ки Сарвари кишварамон, мӯҳтарам Эмомалӣ Раҳмон зимни яке аз суханрониҳояшон таъкид карданд: «Илму дониш нерӯи тавонои ҷомеаи инсонӣ ба ҳисоб меравад. Хусусан дар марҳилаи имрӯзаи тараққиёти башарият, ки даврони бесобиқаи илму техника ва технология мебошад, нерӯи илмию зеҳнӣ ба муҳимтарин нерӯи пешрафти ҷомеа табдил ёфтааст».  
Барои иштирок дар олимпиадаи шаҳрӣ 1310 нафар роҳхат гирифта, донишу маҳорат ва истеъдоди худро аз 13 фанҳои таълимӣ санҷиданд. Ҳайати ҳакамон иборат аз 15 нафар устодони соҳибтаҷриба аз ДДХ  ба номи академик Бобоҷон Ғафуров ва муаллимони навовару эҷодкори муассисаҳои таълимии шаҳр ба дониши иштирокчиёни олимпиада баҳои ҳаққонӣ доданд.

Мавриди зикр аст, ки бори аввал имсол олимпиада ба тарзи ғайримуқаррарӣ доир гардид. Дар се синфхонаи гимназия компютеру ноутбокҳои бо шабакаи интернет пайваст мавҷуд буд. Дар рӯзи аввал иштирокчиён ба тариқи хаттӣ тибқи низомнома супоришҳоро иҷро намуданд. Дар рӯзи дуввум бошад, олимпиада ба тариқи онлайн баргузор гардид ва хонандагон дар назди компютер нишаста, ба саволҳои тестӣ иборат аз 50 савол посух гардонданд.  Ҳар як иштирокчии озмун соҳиби гузарвоҷа ва сиркалимаи худ гардида, ба саволҳои тестӣ посух мегардонд. Ба ҳар як савол чаҳор посух пешниҳод гардид ва дар сурати ҷавоби саҳеҳ додан, барои ҳар як савол ба иштирокчӣ як хол дода мешавад. Иштирокчиёни озмун ба саволҳои тестӣ посух гардонида, соҳиби холҳои муайян мегарданд ва дар навбати худ устодон низ метавонанд, вориди шабака гардида, бевосита ба корҳои иҷро намудаи шогирдонашон ошно гарданд.    
«Бо мақсади таъмини шаффофияти баргузории олимпиада мо тасмим гирифтем, ки он тариқи хаттӣ ва тестӣ гузаронида шавад. Омӯзгорон ва падару модарон метавонанд вориди шабака гардида, ба тариқи онлайн аз кори иҷро кардаи иштирокчии олимпиада маълумотҳои заруриро дастрас намоянд. Ҳама корҳои тестӣ ва баҳогузорӣ ба онҳо тариқи компютер сурат мегирад ва ин ҳолат барои таъмини шаффофияти озмунҳои фикрӣ мусоидат менамояд. Ҳамчунин чунин тарзи баргузории олимпиада имкон фароҳам меоварад, ки шогирдони мо барои супоридани имтиҳонҳои қабул ва шомил шудан ба мактабҳои олии ҷумҳурӣ дар Марказҳои миллии тестӣ омода гарданд»-таъкид менамояд Саидмухтор Ҷалолов.
Боиси қайд аст, ки баҳри таҳия намудани ингуна барномаи компютерӣ кормандони Маркази технологияи информатсионӣ ва коммуникатсияи назди шуъбаи маориф бисёр заҳмат кашиданд.
Олимпиада то санаи 20-уми ноябр идома меёбад ва ғолибони даври шаҳрӣ барои иштирок дар олимпиадаи вилоятӣ роҳхат мегиранд.
Таҳлилҳо нишон медиҳанд, ки иштироки хонандагони шаҳри Хуҷанд дар давраҳои вилоятӣ ва ҷумҳуриявии Олимпиада дар солҳои охир хеле беҳтар шудааст. Дар соли таҳсили 2013-2014 хонандагони лаёқатманди мактабҳои  шаҳр дар олимпиадаи вилоятӣ ба гирифтани 27 мақоми ифтихорӣ мушарраф гардиданд. Дар олимпиадаи ҷумҳуриявӣ бошад, аз 14 нафар хонандагон 13 нафарашон ғолибият ба даст оварданд, аз ҷумла соҳиби 3 медали тилло, 5 медали нуқра ва 5 медали биринҷӣ гардиданд. Дар Олимпиадаи номии ҷумҳуриявӣ аз фанҳои дақиқ 2 нафар хонандагони синфи 11-и м/х Рустамов иштирок намуда, 1 нафар соҳиби медали тилло ва 1 нафар соҳиби медали нуқра гардиданд,
Инчунин дар Олимпиадаи даставии ҷумҳуриявӣ хонандагони мактабҳои №22 (1н), ЛИМТТ (2н), ЛДП (1н) ва м/х Рустамов (1н) иштирок намуда, 2 нафар соҳиби медали нуқра ва 3 нафар  соҳиби медали биринҷӣ гардиданд. Умуман хонандагони лаёқатманди мактабҳои шаҳр дар олимпиадаҳои ҷумҳуриявӣ ба гирифтани 20 мақоми ифтихорӣ, аз ҷумла соҳиби 6 медали тилло, 6 медали нуқра ва 8 медали биринҷӣ гардиданд. 29 нафар хонандагон ба гирифтани стипендияи Раиси шаҳр сарфароз гаштанд.
Баҳри ташаккул  додани маърифати хонандагон, ҷалби бештари онҳо ба тадқиқотҳои илмӣ, иншои мақолаю гузоришҳои паҷӯҳишӣ ва дар ин замина дарёфти хонандагони болаёқату соҳибистеъдод дар даври ҷумҳуриявии сессияи Академияи хурди илмҳо 38 нафар хонандагони мактабҳои шаҳр иштирок намуда, аз ин миқдор 38 нафар, аз ҷумла  23 нафар соҳиби ҷойи аввал, 2 нафарашон ҷойи дуюм ва 13 нафар ба мақоми аз ин ҳам  баланд – 3 нафар аъзо-корреспонденти ҳақиқӣ ва 10 нафар ба узвияти вобастаи Академияи мазкур пазируфта шуданд.

Нуъмон Раҷабӣ

Хизматрасониҳои МТИ ва К

Ташрифкунандагон

mod_vvisit_countermod_vvisit_countermod_vvisit_countermod_vvisit_countermod_vvisit_countermod_vvisit_countermod_vvisit_counter
mod_vvisit_counterИмрӯз:7
mod_vvisit_counterРӯзи гузашта:79
mod_vvisit_counterҲамин ҳафта:1060
mod_vvisit_counterҲафтаи гузашта:1811
mod_vvisit_counterҲамин моҳ:7856
mod_vvisit_counterМоҳи гузашта:9851
mod_vvisit_counterҲамагӣ:4599217

Навидҳо аз сомонаҳои расмӣ