«Миллате, ки омӯзгори асил надорад, ҳеҷ гоҳ ба ягон мартаба намерасад. Ифтихор ва сари баланди мост, ки тоҷикон аз қадим соҳиби китобу қалам, илму маърифат ва олиму омӯзгор буданд, ҳастанд ва дар оянда низ хоҳанд монд».

Эмомалӣ Раҳмон.


Дар тамоми даврони таърихи инсоният пешаи омӯзгорӣ тоҷи ҳамаи касбу ҳунарҳо буда, мақому манзалати муаллим аз тамоми баландиҳо болотар шинохта шудааст. Омӯзгорон  офарандагони таърих ва бахту саодати инсоният ҳастанд. Ин ҷаҳони ҳастӣ бо шарофати фаъолият ва кору пайкори маърифатофарини муаллимон равшану пуранвор ва ободу зебо гардидааст.

Ба ифтихори гиромидошти Рӯзи омӯзгор дар Хонаи фарҳанги шаҳри Хуҷанд бо иштироки Раиси шаҳр Раҷаббой Аҳмадзода чорабинии идона баргузор гардид. Раиси шаҳри аҳли маорифро ба иди касбиашон табрик гуфта, таъкид намуд, ки: «Таҷлили Рӯзи Омӯзгор ҳамасола якшанбеи моҳи аввали октябр дар саросари кишвар далели эҳтироми баланди давлат ва мардуми Тоҷикистон ба заҳмати омӯзгорон, равшангарони роҳи илму тарбия ва таваҷҷӯҳ ба илму маориф ва донишу маърифат мебошад. Омӯзгор воқеан ҳам мақому мартабаи баланд дорад ва бархурдор аз эҳтироми ҳамагон аст. Бузургони илму адаби тоҷик омӯзгорро «чароғи рӯзгор», «машъали хирад» ва «махзани хирад»-у «ояндасози миллат» номидаанд. Мақому манзалати омӯзгор дар ҳама давру замон новобаста аз фарози рӯзгорон ҳеҷ гоҳ поён нарафтаву коста нагаштааст ва соҳибистиқлол гаштани Тоҷикистон барои боз ҳам боло рафтани мартабаи омӯзгор мусоид кард. Бо истифода аз фурсати муносиб Шумо шаҳсутунҳои низоми таълиму тарбияро ба ҷашни касбиатон самимона табрику таҳният гуфта, бароятон сарбаландию сарфарозӣ, бахту саодат ва комёбию дастовардҳои нави таълимиро таманно менамоям.
Президенти Тоҷикистон, Ҷаноби Олӣ, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон зимни суханронӣ дар тантанаҳои Рӯзи Дониш дар Донишгоҳи давлатии омӯзгории Тоҷикистон ба номи Садриддин Айнӣ  таъкид намуданд, ки мактабу маориф омили муҳимтарин амнияти миллӣ мебошад, зеро дар ҷаҳони пуртазоди имрӯза фақат насли наврасе, ки дониш ва касбу ҳунарҳои замонавиро хуб аз худ кардааст, метавонад дар оянда рушди босуботи иқтисодии кишварро таъмин намояд. Устодони маҳбуби мо баҳри боло рафтани сатҳи таълиму тарбия, шукуфоии имрӯзу фардои кишвар ва афзудани обрӯю эътибори ҷумҳуриамон дар арсаи ҷаҳон пайваста меҳнати фидокорона мекунанд. Самараи азму ҷидду ҷаҳди онҳост, ки ҳамасола теъдоди зиёди шогирдони муассисаҳои таълимии мо дар бонуфузтарин озмуну сабқатҳои ватанию хориҷӣ ба дастоварду комёбиҳои шоиста сазовор мегарданд ва обрӯю эътибори кишварамонро бештар менамоянд.
Табрикоти Раиси вилояти Суғд Абдураҳмон Қодириро сардори раёсати маорифи вилоят Муҳаббат Маҷидзода ба самъи иштирокчиён расонд. Сипас дар вазъияти тантанавӣ ба як зумра омӯзгорони фаъолу эҷодкор ва собиқадорони соҳа ифтихорномаву сипоснома ва туҳфаҳои хотиравӣ тақдим карда шуд.

Нӯъмон Раҷабзода

Хизматрасониҳои МТИ ва К

Ташрифкунандагон

mod_vvisit_countermod_vvisit_countermod_vvisit_countermod_vvisit_countermod_vvisit_countermod_vvisit_countermod_vvisit_counter
mod_vvisit_counterИмрӯз:180
mod_vvisit_counterРӯзи гузашта:320
mod_vvisit_counterҲамин ҳафта:500
mod_vvisit_counterҲафтаи гузашта:2624
mod_vvisit_counterҲамин моҳ:3427
mod_vvisit_counterМоҳи гузашта:10519
mod_vvisit_counterҲамагӣ:4186982

Навидҳо аз сомонаҳои расмӣ