«Омӯзгорон тарбиятгирандагони наслҳои ояндасози миллат ва давомдиҳандагони анъанаву суннатҳои пурифтихори миллии мо мебошанд».

Эмомалӣ Раҳмон.

Омӯзгорон инсонҳои соҳибназар, равшанзамир ва  ҷонфидоёне ҳастанд, ки аз шарофати ин наҷибзодагон аҳли ҷомеа ба сӯи арзишҳои олии инсонӣ, ба сӯи таълиму тарбия ва камолоти маънавӣ  раҳнамоӣ мешаванд. Миллату Ватани азизи худро дӯст доштан ва барои саодату пешрафти он бо меҳнати созандаи маънавӣ саҳми арзанда гузоштан зиндагии ҳар як шахсро арзишманд, пурмаъно, пурбор ва нурафшон мегардонад.

Аз зумраи чунин инсонҳои соҳибназар, фидоии соҳаи маориф, дилбохтаи касби пуршарафи омӯзгорӣ, Аълочии маорифи Ҷумҳурии Тоҷикистон, омӯзгори кордону равшанзамир Муҳаммадҷон Комилов мебошанд, ки ба синни мубораки 85-солагӣ қадам ниҳода, бо қалби саршор аз меҳри таълиму тарбия ба шогирдон дарси садоқату вафодорӣ меомӯзонанд. Сокинони шаҳри Хуҷанд ифтихор аз он доранд, ки дар байни аҳли маориф чунин устодони равшанзамиру фидоии мактабу маориф, соҳибдилу хирадпеша, зиндагиву фаъолият доранд ва ҳастии хешро фидои соҳаи маориф намуда, беш аз 50-сол инҷониб ба тарбияи насли наврас машғуланд.
Соҳибдиле хуб фармудааст:  «Дар миёни ҳар миллате чароғе аст, ки ба дигарон нур мебахшад ва он чароғ муаллим аст». Устод Муҳаммадҷон Комилов бо донишу хирад ва садоқат ба пешаи омӯзгорӣ, ба таълиму тарбияи насли наврас машғул гардида, мисли чароғе роҳи шогирдонро равшану нуронӣ гардонида, онҳоро ба шоҳроҳи ҳаёт гусел мекард.
Муҳаммадҷон Комилов зодаи шаҳри Хуҷанд буда,  14-уми сентябри соли 1929 дида ба дунё кушодааст. Баъди хатми мактаби миёнаи №3 дар соли 1951 ба факултаи химияву биологияи Донишкадаи педагогии ба номи Киров дохил шуда, ин даргоҳи илму маърифатро бомуваффақият дар соли 1956 хатм менамояд. Фаъолияти педагогии худро аз соли 1956  дар мактаби миёнаи №18 оғоз карда, меҳри омӯзиш ва таълиму тадрисро дар қалби шогирдон шуълавар менамояд. Устод аз фанни химия ва биология бо тамоми ҳастӣ дарс мегуфт ва натиҷаи заҳматҳо самараи дилхоҳ ба бор овард. Шогирдонаш дар олимпиадаҳои  шаҳрӣ, вилоятӣ, ҷумҳуриявӣ ва байналмилалӣ пайваста ҷойҳои ифтихориро ишғол менамуданд, ки ин боиси рӯҳбаландӣ ва болидахотирии М. Комилов мегардид.
Меҳнатҳои фидокоронаи омӯзгори равшанзамир бо сипосномаву ифтихорномавҳо тақдиронида шудааст ва аҳли маориф, сокинони шаҳри Хуҷанди бостонӣ бо чунин абармардони соҳаи маориф ифтихор менамоянд. Сазовор гаштан бо медалҳои «Меҳнати шоиста», «Собиқадори меҳнат» ва унвонҳои баланди «Аълочии маорифи Тоҷикистон» ва «Корманди шоистаи Ҷумҳурии Тоҷикистон» нишони меҳнати пурсамар ва қадрдонии мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳр, вилоят ва ҷумҳурӣ мебошад.
Ба ифтихори 85-солагии мавлуди омӯзгори равшанзамир Муҳаммадҷон Комилов дар мактаби таҳсилоти миёнаи умумии №18 бо иштироки намояндагони мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Хуҷанд, раёсати маорифи вилояти Суғд, шуъбаи маорифи шаҳри Хуҷанд, омӯзгорон ва дӯстону пайвандон чорабинии идона баргузор гардид. Ҳама бо меҳр ва сипос аз хидматҳои мондагори устод ёдоварӣ карда, аз нақш ва мақоми муаллим ҳамчун роҳнамо ва тарбиятгари насли наврас  сухан гуфта, барояш туҳфаҳои хотиравӣ тақдим намуданд.
Имрӯз Муҳаммадҷон Комилов бо шогирдонаш, ки дар соҳаҳои мухталифи хоҷагии халқ фаъолият доранд, ифтихор мекунад ва бо андарзу насиҳати ҳакимона маслиҳатгару роҳнамои омӯзгорони ҷавон мебошад. Ин ҳама мартаба ва мақоми волоро аз фидокорию ҷонфидоӣ ба пешаи дӯстдоштааш ва аз баракати илму дониш ба даст овардааст. Ба қавли шоир:

Ҳар он ки зи дониш барад тӯшае,
Ҷаҳонест, биншаста дар гӯшае.

Нуъмон Раҷабӣ

Хизматрасониҳои МТИ ва К

Ташрифкунандагон

mod_vvisit_countermod_vvisit_countermod_vvisit_countermod_vvisit_countermod_vvisit_countermod_vvisit_countermod_vvisit_counter
mod_vvisit_counterИмрӯз:35
mod_vvisit_counterРӯзи гузашта:392
mod_vvisit_counterҲамин ҳафта:808
mod_vvisit_counterҲафтаи гузашта:2135
mod_vvisit_counterҲамин моҳ:3804
mod_vvisit_counterМоҳи гузашта:8384
mod_vvisit_counterҲамагӣ:4176840

Навидҳо аз сомонаҳои расмӣ