Омӯзгорон тарбиятдиҳандагони наслҳои ояндасози миллат ва давомдиҳандагони анъанаву суннатҳои пурифтихори миллии мо мебошанд. Муаллимон инсонҳои соҳибназару равшанзамир ҳастанд, ки аҳли ҷомеаро ба сӯи арзишҳои олии инсонӣ, ба сӯи таълиму тарбия ва камолоти маънавӣ раҳнамоӣ менамоянд.
Аз зумраи чунин инсонҳои соҳибназар, дилбохтаи касби пуршарафи омӯзгорӣ, Аълочии маорифи Ҷумҳурии Тоҷикистон, рӯзноманигори босалиқа, суратгири касбӣ Абдуллоҷони Ғанӣ мебошанд, ки ба синни мубораки 80-солагӣ қадам ниҳоданд.

Фаъолияти омӯзгории Абдуллоҷони Ғанӣ соли 1954 дар мактаби ҳафтсолаи ба номи Калинин оғоз гардида, баъдан бо таклифи кумитаи комсомоли шаҳри Хуҷанд дар мактаби миёнаи №11 идома ёфтааст. Аз соли 1961 то ҳол ҳамчун омӯзгори фанни технология дар МТМУ №20 ба таълиму тарбияи насли наврас машғул мебошад. Дар баробари кори пуршарафи омӯзгорӣ ба рӯзноманигорӣ ва аксбардорӣ машғул гардида, пайваста мақолаву гузоришҳояш дар нашрияҳои ҷумҳуриявӣ, вилоятӣ ва шаҳрӣ ба нашр мерасанд. Мо ифтихор аз он менамоем, ки мактаби аксбардории Абдуллоҷони Ғанӣ маҳбубияти зиёдеро пайдо кардааст ва дар бойгонии устод аксҳо ва мусаввараҳои таърихии зиёд маҳфузанд.  
Меҳнатҳои фидокоронаи устоди арҷманд борҳо бо сипосномаву ифтихорномаҳо тақдиронида шудааст ва аҳли маориф бо чунин абармардони соҳаи маориф ифтихор менамоянд. Сазовор гаштан бо унвони баланди «Аълочии маорифи Тоҷикистон» нишони меҳнати пурсамари Абдуллоҷони Ғанӣ дар таълиму тарбияи насли наврас мебошад. Бахшида ба 80-солагии мавлуди устоди арҷманд дар МТМУ№20 чорабинии бошукӯҳ баргузор гардид, ки дар он намояндагони мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Хуҷанд, шуъбаи маориф, ҳампешаҳо, пайвандону дӯстон ва аҳли қалам иштирок карда, соҳибҷашнро табрику таҳният гуфтанд.

Нӯъмон Раҷабзода

Хизматрасониҳои МТИ ва К

Ташрифкунандагон

mod_vvisit_countermod_vvisit_countermod_vvisit_countermod_vvisit_countermod_vvisit_countermod_vvisit_countermod_vvisit_counter
mod_vvisit_counterИмрӯз:187
mod_vvisit_counterРӯзи гузашта:229
mod_vvisit_counterҲамин ҳафта:187
mod_vvisit_counterҲафтаи гузашта:1535
mod_vvisit_counterҲамин моҳ:5360
mod_vvisit_counterМоҳи гузашта:8000
mod_vvisit_counterҲамагӣ:4170012

Навидҳо аз сомонаҳои расмӣ