Дар ташкилоту муассисаҳои фарҳангӣ ва илмию маърифатии шаҳри Хуҷанд тибқи дастури Раиси шаҳри Хуҷанд Раҷаббой Аҳмадзода чорабиниҳои оммавӣ барои тарғиби либосҳои миллӣ ва мардумӣ, бедор намудани шавқи ҷавондухтарону наврасон ба суннатҳои маҳаллӣ доир гашта истодааст.
Хатмкунандагони мактаби миёнаи № 26-и ба номи Пулод Толис дар шаҳри Хуҷанд «Иди атлас ва адрас»-ро таври озмун доир намуданд.
Хонандагони синфҳои болоӣ аз рӯи 6 шарти озмун аз қабили саломнома, намоиши либосҳои миллӣ, буридани угро маърӯза дар мавзӯи пайдоиши атлас, маҳорати сурудхонӣ, ороиш ва бофтани мӯй дар назди ҳакамон баромад намуданд. Онхо ба ду гуруҳ тақсим шуда, шартҳои озмунро ичро намуданд.

Дар чорабинии мазкур ба ҷузъ аз устодону хонандагони мактаб собиқадори меҳнат, бофандаи коргоҳи «Хуҷандатлас» Улфатнисо Абдукаҳҳорова иштирок намуд. Атласбофи собиқадори шаҳри Хуҷанд гуфт, ки гузаронидани ин гуна чорабиниҳо ба манфиати насли нави ҷомеа мебошад. Зеро маҳз бо гузаронидан чунин чорабиниҳо ба тарғиб намудани либосу матоҳои миллӣ, анъанаҳои мардуми диёр мусоидат хохад кард. Лозим ба ёдоварист,ки тибқи Қарори Раиси шаҳри Хуҷанд моҳи октябр дар маркази вилоят «Иди атлас ва адрас» баргузор мегардад.

 

Маркази матуботи
МИҲД ш.Хуҷанд.

Хизматрасониҳои МТИ ва К

Ташрифкунандагон

mod_vvisit_countermod_vvisit_countermod_vvisit_countermod_vvisit_countermod_vvisit_countermod_vvisit_countermod_vvisit_counter
mod_vvisit_counterИмрӯз:182
mod_vvisit_counterРӯзи гузашта:392
mod_vvisit_counterҲамин ҳафта:955
mod_vvisit_counterҲафтаи гузашта:2135
mod_vvisit_counterҲамин моҳ:3951
mod_vvisit_counterМоҳи гузашта:8384
mod_vvisit_counterҲамагӣ:4176987

Навидҳо аз сомонаҳои расмӣ