Субҳи якуми сентябр, дар тамоми мактабҳои шаҳри Хуҷанд садои занги аввал аз оғози соли нави хониш ва Рӯзи дониш дарак дод.
Раиси шаҳри Хуҷанд  Раҷаббой Аҳмадзода дар расми кушоди толори варзишии мактаби таҳсилоти умумии № 17 шаҳри Хуҷанд иштирок намуд.
Дар оғоз Раҷаббой Аҳмадзода собиқадорони соҳаи маориф, омӯзгорон толибилмон ва кулли ҳозиронро бо Рӯзи дониш табрик намуд.
Мактаби мазкур аз оғози фаъолияти худ аз соли 1967 барои гузаронидани дарсҳои тарбияи ҷисмонӣ имконият надошта, муаллимон дар фасли сармо машғулиятҳоро дохили синфхонаҳо доир менамуданд. Дар таълимгоҳи мазкур 560 нафар хонандагон таҳсил дошта, бунёди толори варзишӣ барои сифатан беҳтар гаштани тарбияи ҷисмонии онҳо мусоидат менамояд.

 

Соли хониши нав бо толори варзишии навбунёд.Корҳои сохтмониро ҶДММ «ПМК-Суғд» ба маблағи наздики 700 ҳазор сомонӣ ба анҷом расонданд.
Дар баробари ин дар толори варзиш барои либоскашии хонандагон, ҷойи шустушӯ, ҳуҷраи омӯзгорони фанни тарбияи ҷисмонӣ утоқҳои махсус пешбинӣ шудааст. Дар шафати он бошад ошхона бо тамоми  шароитҳои лозима низ сохта шудааст, ки имконияти сари вақт бо хӯроки гарм таъмин намудани мактабиён мавҷуд аст.
Раиси шаҳр ҳангоми боздид аз бинои нав ба роҳбарияти идораи маориф ва мактаби мазкур таъкид намуд, ки минбаъд барои тарбияи ҷисмонии муҳассилин, баргузори маҳфилҳои варзишӣ нақшаҳои махсус таҳия намуда, корҳои сохтмонии дегхонаи мактабро низ шурӯъ намоянд. Зеро синфхонаҳои мактаб бо воситаю қубурҳои гармидиҳӣ пурра васлу насб гардидаанд.
Раҷаббой Аҳмадзода дастур дод, ки минбаъд низ барои мактабҳои дигар, ки толори варзишӣ надоранд, тибқи нақша сохтмони ин гуна иншоот пешбинӣ карда шавад.
Мактаб дар соли хониши имсола 58 нафар наврасонро дар ду синф бори аввал ба таҳсил фаро гирифта, ба онҳо омӯзгорони ботаҷриба дарс хоҳанд гуфт.
Соли хониши нав бо толори варзишии навбунёд.Раиси шаҳри Хуҷанд аз ҷараёни дарси хонандагони синфи якум ошно гардида онҳоро барои таҳсили хубу аъло даъват намуд. Дар мактаби мазкур ба дарси таълими меҳнат низ эътибори ҷиддӣ медиҳанд. Ҳоло духтарони дар дарсҳои худ бо истифода аз дастгоҳхои таълимии қолинбофӣ, кашидадӯзӣ ва гулдӯзӣ нозукиҳои ин касбро меомӯзанд. Таъкид гардид,ки минбаъд бо назардошти дастуру супоришҳои сарвари давлат, Ҷаноби Олӣ, мӯҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо мақсади эҳёи ҳунарҳои мардумӣ ба роҳ мондани таълими онҳо тақвият дода мешаванд. Дастур дода шуд, ки таълими адрас ва атлас низ дар чунин машғулиятҳо ба роҳ монда шавад.
Раиси шаҳри Хуҷанд ба сохтмончиён барои сари вақт ва хушсифат анҷом додани иншооти мазкур изҳори сипосмандӣ намуд.
Лозим ба ёдоварист, ки дар соли равон ин дуюмин толори варзишӣ аст, ки мавриди истифодаи мактабиён қарор гирифт.

Маркази матуботи
МИҲД ш.Хуҷанд.

Хизматрасониҳои МТИ ва К

Ташрифкунандагон

mod_vvisit_countermod_vvisit_countermod_vvisit_countermod_vvisit_countermod_vvisit_countermod_vvisit_countermod_vvisit_counter
mod_vvisit_counterИмрӯз:22
mod_vvisit_counterРӯзи гузашта:476
mod_vvisit_counterҲамин ҳафта:1751
mod_vvisit_counterҲафтаи гузашта:2190
mod_vvisit_counterҲамин моҳ:5723
mod_vvisit_counterМоҳи гузашта:8444
mod_vvisit_counterҲамагӣ:4605528

Навидҳо аз сомонаҳои расмӣ