Дар оғози сол сокинони микроноҳияи сеюм, ки дар маҳаллаи «Мевағул» воқеъ аст, ба Раиси шаҳри Хуҷанд доири аз мувозинати Заводи таҷҳизоти газӣ ба ихтиёри идораи маорифи шаҳри Хуҷанд гузаронидани боғчаи бачагонаи дар маҳаллаи мазкур мавҷуд буда, муроҷиат намуда буданд. Зеро ин кӯдакистон ягона муассисаи томактабӣ дар ин маҳаллаи шаҳр ба ҳисоб рафта, сокинони бинобар набудани чунин муассисаи иҷтимоӣ бо ҷойи корӣ таъмин шуда наметавонистанд.
Мувофиқи супориши Раиси шаҳри Хуҷанд Раҷаббой Аҳмадзода дар интиҳои сол дархости сокинон қонеъ карда шуда, корҳои таъмиру азнавсозии боғчаи мазкур, ки таи 20 соли охир аз фаъолият бозмонда буд, оғоз гардид.

Бо мақсади огоҳӣ ёфтан аз рафти корҳои азнавсозӣ ва таъмир Раиси шаҳри Хуҷанд Раҷаббой Аҳмадзода ба боғчаи мазкур омад. Барои комилан мавриди истифода қарор додани ин муассисаи томактабӣ аз ҳисоби Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Хуҷанд 3 миллиону 700 ҳазор сомонӣ маблағ сарф хоҳад шуд. Ҳоло сохтмончиёни Идораи сохтмони асосии шаҳри Хуҷанд ба ҳаҷми 850 ҳазор сомонӣ корҳоро ба анҷом расонда, корҳои таъмиру тармим бо маром идома дорад.
Баъди ба истифода додани кӯдакистон 300 нафар фарзандони сокинони ин маҳал дар ин ҷо таълиму тарбия мегиранд.
Раиси шаҳри Хуҷанд Раҷаббой Аҳмадзода ба таъмиргарон дастур дод, ки корҳои таъмирро вусъат бахшида бо истифода аз ҳавои мусоид қисмати корҳои асосии берунаро ба анҷом расонанд. Ҳамчунин дастур дода шуд, ки бо истифрда аз шароити иншооти мазкур боғчаи мазкур қабули миқдори кӯдаконро то ба 500 нафар бояд расонад.

 

Маркази матуботи
МИҲД ш.Хуҷанд.

Хизматрасониҳои МТИ ва К

Ташрифкунандагон

mod_vvisit_countermod_vvisit_countermod_vvisit_countermod_vvisit_countermod_vvisit_countermod_vvisit_countermod_vvisit_counter
mod_vvisit_counterИмрӯз:212
mod_vvisit_counterРӯзи гузашта:213
mod_vvisit_counterҲамин ҳафта:1911
mod_vvisit_counterҲафтаи гузашта:2221
mod_vvisit_counterҲамин моҳ:5707
mod_vvisit_counterМоҳи гузашта:11832
mod_vvisit_counterҲамагӣ:4152359

Навидҳо аз сомонаҳои расмӣ