(Гузориш аз машварати августии кормандони соҳаи маорифи шаҳри Хуҷанд)


Дар толори бошукӯҳи Маркази фарҳанги шаҳри Хуҷанд машварати августии кормандони соҳаи маориф бо ширкати Раиси шаҳри Хуҷанд Раҷаббой Аҳмадзода баргузор гардид. Мудири шуъбаи маорифи шаҳри Хуҷанд Саидмухтор Ҷалолов аҳли маориф, иштирокчиён ва меҳмононро хайрамақдам гуфта, бо ифтитоҳи машварат, таъкид намуд, ки тибқи тавсияи Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон ба баррасии машварати имрӯза масъалаи «Зарурат ва моҳияти ташкили мониторинг, шаклҳои он дар муассисаҳои таҳсилоти миёнаи умумӣ» пешниҳод карда мешавад.

Перомуни ин мавзӯъ Саидмухтор Ҷалолов андешаронӣ карда, моҳияти ташкили мониторингро бо мисолҳои мушаххас тавзеҳ дод.

Сипас дар идомаи маърӯзаи асосӣ директори МХ ба номи “Пулотов” Парвинахон Муъминова оид ба тарз ва роҳҳои гузаронидани рейтингҳо (аз таҷриба) маърӯзаи пурмӯҳтаво намуд. Ҳамчунин маърӯзаҳои мудири муассисаи таҳсилоти томактабии №20 Муҳаббат Нозимова ва омӯзгори фанни физикаи литсейи Донишкадаи политехникӣ Бахтиёр Қодиров шунида шуда, мавриди таҳлилу баррасӣ қарор гирифтанд.

Раиси шаҳри Хуҷанд Раҷаббой Аҳмадзода зимни суханронӣ вазъи соҳаи маорифи шаҳрро таҳлилу баррасии амиқ карда, барои дастовардҳои арзанда, ғолибият дар олимпиадаҳои вилоятӣ, ҷумҳуриявӣ ва байналмилалӣ ба омӯзгорону хонандагон арзи сипос намуд. Мавсуф аз ҷумла таъкид кард, ки: «Ҳамаи Шумо аз таҳаввулоту равандҳои сиёсӣ, иқтисодиву иҷтимоии ҷаҳони муосир огаҳӣ доред ва хуб дарк мекунед, ки сатҳи рушди ин ё он давлатро пеш аз ҳама пешрафту инкишофи илму маориф, сатҳи тарбияву маърифатнокии аҳолӣ ва дар амал татбиқ намудани дастовардҳои навини техникаву технологияи муосир муайян мекунад. Баланд бардоштани сатҳу сифати дониш дар муассисаҳои таълимӣ яке аз ҳадафҳои асосии Ҳукумати Тоҷикистон ва Вазорати маориф ва илм маҳсуб мешавад ва барои расидан ба ин мақсад дар муассисаҳои таълимии шаҳри Хуҷанд шароити мусоиди таълиму тарбия фароҳам оварда шудааст».
Соли хониши гузашта 2 нафар хатмкунадагон – Мирзоҷамшедзода Нафиса аз Гимназияи хусусии “Гёте” мактабро бо медали тилло ва Бобоҷонов Хуршед аз М/Х “Рустамов” бо медали нуқра хатм намуданд, ки ин нишондиҳандаи беҳтарин дар миқёси вилоят арзёбӣ мегардад. Мавриди зикр аст, ки ин машъалафрӯзони илму дониш аз тарафи Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон ва мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилояти Суғд қадрдонӣ карда шуданд.
Дар баробари ин дар соли хониши сипаришуда дар даври вилоятии Олимпиадаи хонандагон шогирдони мо ба гирифтани 27 мақоми ифтихорӣ ноил шуда, дар даври ҷумҳуриявии он соҳиби 3 медали тилло, 5 медали нуқра ва 5 медали биринҷӣ гардиданд. Дар Олимпиадаи номии ҷумҳуриявӣ аз фанҳои дақиқ, 1 нафар соҳиби медали тилло ва 1 нафар соҳиби медали нуқра гардиданд. Дар Олимпиадаи даставии ҷумҳуриявӣ 2 нафар соҳиби медали нуқра ва 3 нафар соҳиби медали биринҷӣ гардиданд. Умуман хонандагони мактабҳои шаҳр дар Олимпиадаи ҷумҳуриявӣ 4 нафар соҳиби медали тилло, 8 нафар соҳиби медали нуқра ва 8 нафар соҳиби медали биринҷӣ гардиданд. 29 нафар хонандагон ба гирифтани стипендияи Раиси шаҳр сарфароз гариданд.
Дар озмунҳои байналхалқии лоиҳасозие, ки дар кишварҳои Гурҷистон, Индонезия, Руминия, ва Қазоқистон аз фанҳои физика, технологияи информатсионӣ ва биология доир шуд, 10 нафар толибилмони литсейи интернати муштараки тоҷикӣ – туркӣ ширкат варзида, ба гирифтани медалҳои тилло (4н.), нуқра (4н) ва биринҷӣ (2н) ноил гардиданд. Инчунин дар шаҳри Душанбе озмуни лоиҳавии ҷумҳуриявӣ аз фанҳои дақиқ (TASPO) баргузор гардид. Толибилмони литсейи интернати муштараки тоҷикӣ – туркӣ ба гирифтани медалҳои тилло (2н.), нуқра (4н) ва биринҷӣ (7н) ноил гардиданд, 2 нафар хонандагони Гимназияи “Гёте” ба гирифтани идрорпулии хадамоти мубодилаи илмии донишҷӯён (DAAD) сазовор гардиданд.

Дар сессияи ҷумҳуриявии Академияи хурди илмҳо 23 нафар соҳиби ҷойи аввал, 2 нафарашон ҷойи дуюм ва 13 нафар ба мақоми аз ин ҳам баланд – 3 нафар аъзо-корреспонденти ҳақиқӣ ва 10 нафар ба узвияти вобастаи Академияи мазкур пазируфта шуданд.
Дар поёни суханронии хеш ба муносибати фарорасии Соли нави хониш ва ҷашни фархундаи 23-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон Раиси шаҳр Раҷаббой Аҳмадзода иштирокчиёни машварати августиро табрику таҳният гуфта, зикр намуд, ки «Омӯзгорон ба ҳама гуна арҷгузорию қадршиносӣ шоистаанд, пешаи омӯзгорӣ басе сангину заҳматталаб, вале ифтихорист. Устодони маҳбуби мо баҳри боло рафтани сатҳи таълиму тарбия, шукуфоии имрӯзу фардои кишвар ва афзудани обрӯю эътибори ҷумҳуриамон дар арсаи ҷаҳон пайваста меҳнати фидокорона мекунанд. Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Хуҷанд ҳамеша баҳри дастгирии омӯзгорон омодааст».
Сипас дар вазъияти тантанавӣ ба як зумра омӯзгорони фаъолу эҷодкор ва собиқадорони соҳаи маориф сипосномаву ифтихорнома ва тӯҳфаҳои хотиравӣ тақдим карда шуд.

 

Нӯъмон Раҷабӣ

{bonckoslideshow}/galerea/mash_avg_mar_farh{/bonckoslideshow}

Хизматрасониҳои МТИ ва К

Ташрифкунандагон

mod_vvisit_countermod_vvisit_countermod_vvisit_countermod_vvisit_countermod_vvisit_countermod_vvisit_countermod_vvisit_counter
mod_vvisit_counterИмрӯз:163
mod_vvisit_counterРӯзи гузашта:267
mod_vvisit_counterҲамин ҳафта:430
mod_vvisit_counterҲафтаи гузашта:2190
mod_vvisit_counterҲамин моҳ:4402
mod_vvisit_counterМоҳи гузашта:8444
mod_vvisit_counterҲамагӣ:4604207

Навидҳо аз сомонаҳои расмӣ