Санаи 19 августи соли равон, вазири маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон Нуриддин Саид зимни сафари корӣ ба шаҳри Хуҷанд ба мактаби таҳсилоти миёнаи умумии №15 ташриф оварда, дар машварати роҳбарони муассисаҳои таълимӣ иштирок карда, оид ба масъалаҳои сифати таҳсилот, мониторинг, рейтинг ва баланд бардоштани сифати таълиму тарбия фикру андешаҳояшро баён дошт.

Мудири шуъбаи маорифи шаҳри Хуҷанд Саидмухтор Ҷалолов ташрифи вазирро хайрамақдам гуфта, иброз намуд, ки барои баланд бардоштани сатҳи таълиму тарбия дар муассисаҳои таълимӣ ҳама шароит муҳайё мебошад ва дар ин самт омӯзгорони шаҳр муташаккилона меҳнат карда, ба дастовардҳои арзанда ноил мегарданд. Вазири маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон Нуриддин Саид бобати омӯзиши фанҳои дақиқ, сару либоси хонандагон ва омӯзгорон таваҷҷуҳ зоҳир карда, бо роҳбарони муассисаҳои таълимӣ саволу ҷавоб ва мубодилаи афкор намуд.
Ҳамчунин дар машварат сардори раёсати маорифи вилояти Суғд Муҳаббат Маҷидзода низ иштирок ва суханронӣ кард. Аҳли ҷомеаи омӯзгории МТМУ№15 аз ташрифи вазир ба мактабашон хушнуд гардида, ваъда доданд, ки соли нави хонишро бо дастовардҳои арзанда истиқбол менамоянд.

Хабарнигори «Оламоро»

{bonckoslideshow}/galerea/vazir_mtmu15{/bonckoslideshow}

Хизматрасониҳои МТИ ва К

Ташрифкунандагон

mod_vvisit_countermod_vvisit_countermod_vvisit_countermod_vvisit_countermod_vvisit_countermod_vvisit_countermod_vvisit_counter
mod_vvisit_counterИмрӯз:143
mod_vvisit_counterРӯзи гузашта:350
mod_vvisit_counterҲамин ҳафта:811
mod_vvisit_counterҲафтаи гузашта:1535
mod_vvisit_counterҲамин моҳ:5984
mod_vvisit_counterМоҳи гузашта:8000
mod_vvisit_counterҲамагӣ:4170636

Навидҳо аз сомонаҳои расмӣ