Санаи 18 августи соли равон дар МТМУ №12 рӯзи аввали машварати августии кормандони соҳаи маорифи шаҳри Хуҷанд баргузор гардид, ки дар он роҳбарони иттиҳодияи методии шаҳрӣ ва мушовирони фаннӣ оид ба натиҷаҳои ҷамъбасти соли сипаригардида, мушкилоту проблемаҳои мавҷуда, роҳҳои ҳалли онҳо ва маърӯзаҳои ба машварат пешниҳод гардидаро муҳокима карданд.

Маърӯзаи омӯзгорони фаннӣ ба таври муаммогузорӣ ҳаллу фасл гардид. Дар машварат мудири шуъбаи маориф Ҷалолов С.Ҷ иштирок намуда, ба дархост ва саволҳои омӯзгорон посух дод.
Соли ҷорӣ машварати августии кормандони соҳаи маорифи шаҳри Хуҷанд ба таври анъанавӣ нею, бо навгониҳо баргузор гашт. Баъди муҳокимаи маърӯзаҳо, проблемаҳо оид ба таълими фанҳои алоҳида, ба омӯзгорон саволҳои мушаххас дода шуданд. Омӯзгорон ба гурӯҳҳо тақсим шуда, бо маслиҳати ҳамдигар ба саволҳо ҷавобҳои худро омода карданд. Саволҳо асосан оид ба мушкилиҳои мавҷуда дар таълиму тарбияи насли наврас буданд.

 

 

 


Носирова М.,

роҳбари утоқи методии

шуъбаи маорифи ш.Хуҷанд.

{bonckoslideshow}/galerea/mash_avg_mtmu12{/bonckoslideshow}

Хизматрасониҳои МТИ ва К

Ташрифкунандагон

mod_vvisit_countermod_vvisit_countermod_vvisit_countermod_vvisit_countermod_vvisit_countermod_vvisit_countermod_vvisit_counter
mod_vvisit_counterИмрӯз:137
mod_vvisit_counterРӯзи гузашта:381
mod_vvisit_counterҲамин ҳафта:950
mod_vvisit_counterҲафтаи гузашта:2665
mod_vvisit_counterҲамин моҳ:6611
mod_vvisit_counterМоҳи гузашта:8384
mod_vvisit_counterҲамагӣ:4179647

Навидҳо аз сомонаҳои расмӣ