Ҳамасола қабл аз оғози соли хониш дар шаҳри Хуҷанд ярмаркаи ҷиҳози хониш, либос ва дигар воситаҳои таълими мактабиён баргузор мегардад.

Шурӯъ аз имрӯз дар маркази вилоят шаҳри Хуҷанд ярмарка-фурӯши ашёи хониш ва либоси мактабӣ оғоз ёфт. Дар расми кушодашавии он Раиси шаҳри Хуҷанд Раҷаббой Аҳмадзода иштирок ва баромад намуд.

Раиси шаҳри Хуҷанд аз маҳсулоти пешниҳод намудаи нуқтаҳои фурӯш дидан намуда, ба фурӯшандаҳо тавсия дод,ки барои фароҳам овардани шароиту имконияти мувофиқ барои кулли табақаҳои иҷтимоии сокинон молу маҳсулоти худро бо нархҳои нисбатан арзон дар қиёс аз мағозаҳо ба фурӯш гузоранд. Раиси шаҳри Хуҷанд Раҷаббой Аҳмадзода ба 200 нафар мактабиён,ки аз оилаҳои камбизоат ба ҳисоб мераванд либоси мактабӣ тақдим намуда ба онҳо дар соли хониши нав муваффақият орзу намуд.
Ярмарка-фурӯш то санаи 31 август идома ёфта, дар он зиёда аз 20 нуқтаҳои фурӯш ва 4 корхонаи саноатӣ молу маҳсулоти мактабиёнро ба харидорон пешкаш менамоянд.
Ҳоло дар 47 мактабҳои шаҳри Хуҷанд тамоми корҳои омодагӣ барои қабули муҳассилин ба соли хониши нав омода карда шуда, омӯзгорон асбобҳои айёнӣ ва китобҳои таълимиро ба хонандагон тақсим менамоянд.

Маркази матуботи
МИҲД ш.Хуҷанд.

Хизматрасониҳои МТИ ва К

Ташрифкунандагон

mod_vvisit_countermod_vvisit_countermod_vvisit_countermod_vvisit_countermod_vvisit_countermod_vvisit_countermod_vvisit_counter
mod_vvisit_counterИмрӯз:76
mod_vvisit_counterРӯзи гузашта:476
mod_vvisit_counterҲамин ҳафта:1805
mod_vvisit_counterҲафтаи гузашта:2190
mod_vvisit_counterҲамин моҳ:5777
mod_vvisit_counterМоҳи гузашта:8444
mod_vvisit_counterҲамагӣ:4605582

Навидҳо аз сомонаҳои расмӣ