Баъди анҷоми сафари расмии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон ба Ҷумҳурии Белорус дар нимаи аввали соли равон ҳамкории ин ду кишвар сатҳу сифати нав пайдо намуд.
Ҷумҳурии Белорус аз кишварҳоест, ки даҳшати Ҷанги Бузурги Ватаниро дар сарзамини худ эҳсос намудааст. Дар набардҳои шадиди ин ҷанг чандин ҳазор фарзандони тоҷик қаҳрамониҳо нишон дода, қисми зиёди онҳо барои озодии ин миллату диёр қурбон шудаанд. Яке аз онҳо ҳамдиёри мо Қаҳрамони Иттиҳоди Шӯравӣ Домулло Азизов аст.
Мардуми сипосгузори белрус номи ин қаҳрамонро ба яке аз кӯчаҳои пойтахти кишварашон - шаҳри Минск гузошта, мактаби миёнаи № 35 ҳам номи ин марди шуҷоъро дорад. Чанд рӯз аст, ки ба хотири ҷамъоварии намудани маълумоти бештар аз ҳаёту зиндагӣ ва шиносои бо пайвандони Домулло Азизов Директори мактаби миёнаи № 53 шаҳри Минск Наталя Потеенко ва Наталя Овчинникова ба Тоҷикистон омаданд.

Бегоҳи рӯзи гузашта Раиси шаҳри Хуҷанд Раҷаббой Аҳмадзода меҳмонони белорусро ба ҳузур пазируфт.Ҳангоми сӯхбат Раиси шаҳри Хуҷанд аз натиҷаҳои пурсамари сафари кории Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон ба кишвари Белорус ва ҳамкорию дустии мардуми тоҷику белорусро бори дигар зикр намуд.
Қайд гардид, ки шаҳри Хуҷанд дар доираи санадҳои ба имзо расондаи роҳбарияти давлатҳо Эмомалӣ Раҳмон ва Александр Лукашенко ҳамкориро оғоз намудааст. Ҳуҷҷатҳои ҳамкории иқтисодии шаҳрҳои Хуҷанд ва Могилёв дар марҳилаи анҷомёбӣ буда, самтҳои мухталифи ин ҳамкорӣ таҳия ва омода мешаванд.
Омӯзгорон таъкид намуданд,ки мардуму миллати белорус ҳамеша поси хотири шаҳидони Ҷанги Бузурги Ватаниро гиромӣ медоранд.
«Қаҳрамони Иттиҳоди Шӯравӣ Домулло Азизов аз ҷумлаи онҳост, ки азизтарин неъмат - ҳаёти худро баҳри озодии мардуми ин сарзамини фоҷиадида қурбон намудааст. Пас вазифаи насли имрӯза ва фардои мо эҳтироми ин қаҳрамононро нигоҳ дошта, тарбияи насли имрӯзаро дар ҳамин руҳия ба роҳ монда, аз мардонагию шуҷоатмандии онҳо ба фарзандон дарс омӯхтан аст».
Раиси шаҳри Хуҷанд Раҷаббой Аҳмадзода барои ин амалҳои нек ба меҳмонон изҳори сипосмандӣ намуд. Изҳори боварӣ кардла шуд, ки минбаъд низ робитаю ҳамкории тарафҳо беҳтару бештар хоҳанд шуд.

 

Маркази матуботи

МИҲД ш.Хуҷанд.

Хизматрасониҳои МТИ ва К

Ташрифкунандагон

mod_vvisit_countermod_vvisit_countermod_vvisit_countermod_vvisit_countermod_vvisit_countermod_vvisit_countermod_vvisit_counter
mod_vvisit_counterИмрӯз:46
mod_vvisit_counterРӯзи гузашта:79
mod_vvisit_counterҲамин ҳафта:1099
mod_vvisit_counterҲафтаи гузашта:1811
mod_vvisit_counterҲамин моҳ:7895
mod_vvisit_counterМоҳи гузашта:9851
mod_vvisit_counterҲамагӣ:4599256

Навидҳо аз сомонаҳои расмӣ