Санаи 7 июли соли равон бо иштироки ҷонишини мудири шуъбаи маориф Аслонов Акрам Ҳомидович ва раиси иттифоқи касабаи кормандони шуъбаи маорифи ш.Хуҷанд – Абдураҳмон Қаҳоров  тантанаи кушодашавии басти дуюми истироҳатгоҳи «Парвоз» баргузор гашт. Чорабинии мазкур бо хондани Суруди миллӣ, барафрохтаи парчам оғоз гардид. Баъдан бо сухани ифтитоҳӣ Аслонов А. истироҳаткунандагонро табрик намуда, ба онҳо истироҳати бофароғатро таманно намуд.

Ҳамзамон ӯ қайд намуд, ки басти дуюм бо дастгирӣ ва иқдоми неки мудири шуъбаи маорифи ш.Хуҷанд – Ҷалолов С.Ҷ., ройгон барои хонандагони ятим, нимятим, камбизоат ва болаёқат ташкил карда шудааст.
Ҳамаи сардорони дастаҳо ба сармураббияи истироҳатгоҳ – Умарова Р. мужда супориданд, баъдан сармураббия ба сардори истирохатгоҳ – Эшонов М. муждаи омодагии иттиҳодияро супорид. Баъди қисми тантанавӣ аз тарафи истироҳаткунандагон баромадҳои ҷолиби диққат пешкаш карда шуданд. Қайд намудан ҷоиз аст, ки шеърҳое, ки аз тарафи хонандагон қироат шуданд, ба мавзӯъи истироҳатгоҳ, маҳсули қалами худи онҳо мебошанд.  Ҳамзамон сурудҳо дар васфи ватандӯстӣ, Тоҷикистон ва сулҳ хонда шуданд. Дар фарҷоми чорабинӣ яке аз волидайнони истироҳаткунандагон – Ахмедова Г., ба роҳбарияти шуъбаи маориф, шаҳру вилоят ва Президенти кишвар, Ҷаноби Олӣ,мӯҳтарам Эмомалӣ Раҳмон арзи сипоси худро расонид ва дар ҷавоби сипос назоратчии истироҳатгоҳ – Калонова Қ. ваъда дод, ки истироҳати талабагон дар сатҳи баланд ва бофароғат хоҳад гузашт.

Хизматрасониҳои МТИ ва К

Ташрифкунандагон

mod_vvisit_countermod_vvisit_countermod_vvisit_countermod_vvisit_countermod_vvisit_countermod_vvisit_countermod_vvisit_counter
mod_vvisit_counterИмрӯз:90
mod_vvisit_counterРӯзи гузашта:316
mod_vvisit_counterҲамин ҳафта:1343
mod_vvisit_counterҲафтаи гузашта:2190
mod_vvisit_counterҲамин моҳ:5315
mod_vvisit_counterМоҳи гузашта:8444
mod_vvisit_counterҲамагӣ:4605120

Навидҳо аз сомонаҳои расмӣ