Шӯрои навбатии шӯъбаи маориф аз рӯи 9 масъала дар мактаб интернати ёрирасони шаҳри Хуҷанд бо иштироки директорони муассисаҳои таҳсилоти миёнаи умумӣ ва мудирони кӯдакистонҳо баргузор гардид. Ҷаласаи шӯроро мудири маорифи шаҳри Хуҷанд Саидмухтор Ҷалолов ифтитоҳ намуда, таъкид кард, ки имрӯз нӯҳ масъала мавриди таҳлилу баррасӣ қарор дода мешавад ва асосан дастоварду комёбиҳо ва камбудию норасоиҳо дар шаш моҳи соли 2014 мавриди таҳлилу баррасӣ қарор дода мешаванд.

Аз рӯи масъалаи якум оид ба «Ҷамъбасти фаъолияти шуъбаи маориф дар нимсолаи аввали  соли 2014 ва ҳисоботи роҳбарони муассисаҳои таълимӣ» муовини мудири шуъбаи маориф А. Аслонов маърӯза намуда, вазъи соҳаи маориф ва бурду бохти онро таҳлил намуд.

Оид ба «Натиҷаи аттестатсияи муассисаи таҳсилоти томактабии №6,7, 12, мактабҳои таҳсилоти миёнаи умумии № 2,6,15, гимназияи №13 О. Ғафурова маълумот дод. Рафти иҷрои қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон №457 аз 04.10.2011, «Дар бораи тасдиқи Барномаи давлатии рушди соҳаи тарбияви томактабӣ  барои солҳои 2012-2016» дар муассисаҳои таҳсилоти томактабии №18,25,29,31 зимни суханронии мушовири муассисаҳои томактабӣ М. Ботурова мавриди таҳлил қарор гирифт.
Ҳамчунин дар Шӯро рафти иҷрои «Барномаи давлатии такмили таълим ва омӯзиши забонҳои русӣ ва англисӣ барои солҳои 2004-2014» дар мактабҳои №17,18,19 ЛИМТТ ва литсейи физикӣ- математики №1, татбиқи Консепсияи миллии таҳсилоти фарогир (инклюзивӣ) барои кӯдакони имконияташон маҳдуд дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2011-2015», омӯхтани  вазъи таълиму тарбия дар синфҳои ибтидоии мактабҳои №5,9,16 гимназияи №4, м/х Дониш, татбиқи Низомномаи Созмони талабагӣ дар мактабҳои таҳсилоти умумӣ, иҷрои қарори мушовараи ғайринавбатии Вазорати маорифи Ҷумҳурии Тоҷикистон №22/26 аз 29.12.2012 оид ба «Тартиби ба  иҷора додани  китобҳои дарсӣ ва маблағҳои гардони он дар муассисаҳои таълимии Ҷумҳурии Тоҷикистон» мавриди таҳлилу баррасии амиқ қарор гирифт.
Мудири маорифи шаҳри Хуҷанд Саидмухтор Ҷалолов зимни суханронӣ вазъи соҳаи маорифро дар шашмоҳаи аввали соли равон таҳлил намуда, барои ислоҳи саривақтии камбудиҳо дастуру супоришҳо дода, оид ба анҷоми таъмири босифати муассисаҳои таълимӣ, либоси ягонаи омӯзгорону хонандагон, қабул ба синфи якум, мураттаб намудани рӯйхати хонандагони душвортарбия, қабули кӯдакон ба муассисаҳои томактабӣ, риояи меъёри хӯроки кӯдак, соли гулкорӣ ва парвариши гулҳо дар муассисаҳои таълимӣ андешаронӣ намуд.

 

 

Нуъмон Раҷабзода

Хизматрасониҳои МТИ ва К

Ташрифкунандагон

mod_vvisit_countermod_vvisit_countermod_vvisit_countermod_vvisit_countermod_vvisit_countermod_vvisit_countermod_vvisit_counter
mod_vvisit_counterИмрӯз:65
mod_vvisit_counterРӯзи гузашта:79
mod_vvisit_counterҲамин ҳафта:1118
mod_vvisit_counterҲафтаи гузашта:1811
mod_vvisit_counterҲамин моҳ:7914
mod_vvisit_counterМоҳи гузашта:9851
mod_vvisit_counterҲамагӣ:4599275

Навидҳо аз сомонаҳои расмӣ