Бо дастгирии шуъбаи маорифи мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Хуҷанд дар баробари истироҳатгоҳи беруназшаҳрии «Парвоз» дар назди мактабҳои шаҳр лагерҳои наздимактабӣ фаъолият менамоянд, ки бо барномаи рангини фароғатӣ хонандагонро ба оғӯши худ фаро гирифтаанд. Айни замон дар 21 мактабҳои шаҳр чунин фароғатгоҳҳо ташкил карда шудаанд ва барои фароғати шогирдон шароити беҳтаринро фароҳам овардаанд.

Дар МТМУ №12 лагери наздимактабии «Офтобак» ба фаъолият шуруъ кард, ки ба он сарвари ғамхору дилсӯз МанзураАбдуллоева сарварӣ мекунад. Дар басти аввал 40 нафар хонандагон фаро гирифта шудаанд ва онҳо бо хӯроки гарм, ҷой ихоб, ҳуҷраи фароғатӣ пурра таъмин мебошанд.

Ҳамчунин дар МТМУ№8 ва 21 низ лагерҳои наздимактабӣ фаъолият доранд, ки дар басти аввал барои истироҳати бофароғат 60 нафар хонандагон ҷалб гардидаанд.
Тавре ба мо Раиси кумитаи иттифоқи касабаи маорифи шаҳри Хуҷанд А. Қаҳҳоров иттилоъ дод, дар лагерҳои наздимактабӣ барои фароғати шогирдон тамоми шароит омода гардидааст. Хонандагон бо хӯроки гарм, ҷойи хоб ва ҳуҷраи фароғатӣ таъмин мебошанд. Ҳар пагоҳирӯзӣ дарси варзиш гузаронида мешавад. Ҳамчунин шогирдон имкон доранд аз мавзеҳои таърихии шаҳр, осорхонаву китобхона, Маркази ситорашиносӣ, мавзеҳои фароғатии «Наврӯзгоҳ» ва ба гӯшаҳои зебоманзари диёр сайр намуда, бо хотираҳои ширину дилнишин мавсими тобистони имсоларо гузаронанд.
Мавриди зикр аст, ки барои истироҳат дар лагерҳои наздимактабӣ барои 12 рӯз 60 сомонӣ муқаррар гардидааст ва хонандагони ятиму бе парастор ройгон ба фароғат ҷалб карда мешаванд.

 

Нуъмон Раҷабзода

{bonckoslideshow}/galerea/lag-maktabi{/bonckoslideshow}

Хизматрасониҳои МТИ ва К

Ташрифкунандагон

mod_vvisit_countermod_vvisit_countermod_vvisit_countermod_vvisit_countermod_vvisit_countermod_vvisit_countermod_vvisit_counter
mod_vvisit_counterИмрӯз:35
mod_vvisit_counterРӯзи гузашта:392
mod_vvisit_counterҲамин ҳафта:808
mod_vvisit_counterҲафтаи гузашта:2135
mod_vvisit_counterҲамин моҳ:3804
mod_vvisit_counterМоҳи гузашта:8384
mod_vvisit_counterҲамагӣ:4176840

Навидҳо аз сомонаҳои расмӣ