Дар МТМУ №16, шаҳри Хуҷанд даври ниҳоии озмуни «Мутахассиси ҷавони сол-2014» баргузор гардид. Мудири шуъбаи маорифи шаҳри Хуҷанд Саидмухтор Ҷалолов зимни суханронӣ ҳамаи иштирокчиёни озмунро табрику таҳният гуфта, барояшон барору комёбиҳо таманно кард.
«Омӯзгорон тимсоли навбаҳори бехазони донишу маърифат ҳастанд, ки бо нерӯи саодатгустарашон ҷаҳони ботинии шогирдонро гулафшон мегардонанд.   
Ба қавли Сарвари давлатамон, Ҷаноби Олӣ, мӯҳтарам Эмомалӣ Раҳмон: «Муаллимону омӯзгорон машъалафрӯзони илму дониш буда, дар замири хонандагон шӯълаи меҳри хондану аз бар намудан ва омӯхтани донишҳои гуногуни илми муосири ҷаҳониро меафрӯзанд.

Ба ибораи дигар онҳо шаҳсутунҳои низоми таълиму тарбия ва омӯзишу парвариш ҳастанд». Имрӯз мо мебинам, ҳамаи иштирокчиёни озмун омӯзгорони фаъолу эҷодкор ва навовар ҳастанд, ки дар баробари иҷрои рисолати муқаддаси худ, ҳамзамон ба фарзандони мардум хатту савод меомӯзанд.  Аз ин ҷиҳат, бо камоли эҳтиром анҷоми бобарори соли хониш ва баргузории озмуни касбии «Мутахассиси ҷавони сол - 2014»-ро ба ҳамаи ширкаткунандагон ва тамоми муаллимони азизу арҷманд табрику муборакбод намуда, барояшон саломатии бардавом, саодату шукуфоӣ, бахту иқболи баланди фарзандону пайвандон ва дар ҷодаи фаъолият барору комёбиҳоро таманно дорам»-таъкид намуд Саидмухтор Ҷалолов.
Озмуни касбии «Мутахассиси ҷавони сол - 2014» бори аввал бо мақсади дарёфт ва муайян кардани омӯзгорони боистеъдоду навовар, эҷодкор, қадрдонии меҳнату заҳмати муаллимон ва таҳкими мақоми онҳо дар ҷомеа, тарғибу паҳн намудани таҷрибаи пешқадами педагогии муаллимони беҳтарини шаҳри Хуҷанд доир мегардад. Мушоҳидаҳо нишон медиҳанд, ки сол аз сол нақшу мақоми озмунҳо ва сатҳу сифати баргузории онҳо боло меравад. Шоистаи зикр аст, ки дар баробари таъсиси ҷоизаи Президентӣ барои кормандони соҳаи маориф  дар сатҳи арзанда гузаронидани озмунҳои «Муаллими соли Тоҷикистон» ва «Мураббии сол» нишони қадршиносии давлату Ҳукумати ҷумҳурӣ ба омӯзгорону мураббиён мебошад.  Аз ҷониби дигар доир шудани  чунин озмунҳо  барои кормандони соҳаи маориф василаи муаррифии шахсият ва мақому манзалати касбию маънавии онҳо ба шумор меравад. Бо шарофати озмун як зумра омӯзгорони ботаҷрибаву соҳибмаҳорати шаҳри Хуҷанд амсоли шодравон Юлдошбой Рустамов, муаллимони воқеан эҷодкору навовар Муҳайё Худойбердиева, Мавзуна Шарифова, Хайрӣ Шарифова, Шамсия Қурбонова, Мунира Дадоҷонова, Роҳат Зиёбоева, Манучеҳра Салимова, Муяссар Исмоилова, Парвина Бердиева ва Зебо Боқиева на танҳо дар тамоми вилояту ҷумҳурӣ, балки берун аз он ном баровардаанд.      
Дар марҳилаи аввали озмуни имсолаи «Мутахассиси ҷавони сол - 2014», яъне даври дохилимактабӣ  дар шаҳри Хуҷанд  беш аз 170 нафар омӯзгорон ширкат варзида, аз ин теъдод 33 нафарашон ба даври шаҳрӣ роҳхат гирифтанд. Баъдан пас аз иҷрои шартҳои аввали озмун 12 нафар ҳамчун иштирокчии марҳилаи нимниҳоии озмуни шаҳрӣ муайян гардида, аз инҳо 5 нафарашон ба сифати ширкаткунандагони даври ниҳоӣ пазируфта шуданд.
«Имрӯз бошад, аз байни ин панҷгона мо ғолиби озмуни шаҳрии «Мутахассиси ҷавони сол - 2014»-ро муайян менамоем. Ҳамаи ин панҷ нафар иштирокчиёни даври ниҳоӣ бо донишу маърифати баланд ва заҳматҳои пайвастаи худ ба ин мақом расидаанд. Мо бо эҳтиром номи иштирокчиёни озмуни имрӯза: Қодиров Бахтиёр, Хоҷаева Заррина, Саъдиев Фахриддин, Узоқбердиева Зулола ва Саидова Парвинаро ба забон меоварем ва ифтихор аз он менамоем, ки чунин омӯзгорони равшанзамиру соҳибтаҷриба ва навовару эҷодкор дорем» -зикр намуд мудири маорифи шаҳри Хуҷанд Саидмухтор Ҷалолов.
Иштирокчиёни озмун бо маҳорат ва истеъдоди баланд ба иҷроиши шартҳо шуруъ намуданд. Ҳайати ҳакамон ба донишу маҳорати суханварӣ, муаррифии дарс, саволҳо оид ба санадҳои ҳуқуқию меъёрӣ ва пурсишҳо аз фанни тахассусии довталабон баҳои арзанда доданд.
Баъди натиҷабардорӣ аз рӯи ҳамаи шартҳои озмун дар давраҳои аввал ва ниҳоӣ ҳайати ҳакамон ғолибонро муайян намуданд. Ҷойи аввал насиби омӯзгори фанни физикаи ЛДП Бахтиёр Қодиров гардид. Ба мақоми дуввум омӯзгори фанни забони англисии мактаби хусусии «Паймони азизон» Заррина Хоҷаева сазовор дониста шуд.  Ҷойи сеюм насиби омӯзгори фанни биологияи мактаби хусусии «Иршод» Фахриддин Саъдиев гардид. Ба ғолибон ва ҳамаи иштирокчиён мудири шуъбаи маорифи шаҳри Хуҷанд Саидмухтор Ҷалолов дар вазъияти тантанавӣ диплом ва туҳфаҳои хотиравӣ тақдим намуд.

Нуъмон Раҷабзода

Хизматрасониҳои МТИ ва К

Ташрифкунандагон

mod_vvisit_countermod_vvisit_countermod_vvisit_countermod_vvisit_countermod_vvisit_countermod_vvisit_countermod_vvisit_counter
mod_vvisit_counterИмрӯз:129
mod_vvisit_counterРӯзи гузашта:476
mod_vvisit_counterҲамин ҳафта:1858
mod_vvisit_counterҲафтаи гузашта:2190
mod_vvisit_counterҲамин моҳ:5830
mod_vvisit_counterМоҳи гузашта:8444
mod_vvisit_counterҲамагӣ:4605635

Навидҳо аз сомонаҳои расмӣ