Даври ниҳоии озмуни «Мураббии сол - 2014» ба мақсади дарёфти мураббияҳои беҳтарин, эҷодкор ва дилбохтаи касби хеш дар гимназияи №24 баргузор гардид. Озмун дар чаҳор давра гузаронида шуда, дар даври шаҳрии он беҳтарин мураббияҳо аз рӯи шартҳои: машғулияти намунавӣ дар гурӯҳи кӯдакони ношинос, санҷиши тестӣ аз психология ва педагогикаи томактабӣ, ҳисоботи эҷодии мураббиён, тасвир намудан ва буридани нақшу нигори миллӣ, нақшофарӣ ё хониши адабӣ ҳунару истеъдоди хешро намоиш доданд.

 

Дар даври аввали озмун аз 30 муассисаҳои таҳсилоти томактабии шаҳр 187 нафар иштирок карда, 30 нафар ғолиби даври дуввум гардиданд. Баъди баргузории даври сеюми озмун 5 нафар беҳтарин мураббияҳо: Манзура Ҳусейнова (МТТ№5), Башорат Юнусова (МТТ№11), Матлуба Иброҳимова (МТТ№20), Зарнигор Воҳидова (МТТ№33) ва Малика Исобоева (МТТ№36) ҳуқуқ пайдо карданд, ки дар даври ниҳоии озмун иштирок намоянд.
Дар даври ҷамъбастӣ довталабон аз рӯи шартҳои: намоиши аёниятҳо, дастурҳои методӣ ва корҳои эҷодӣ, суханронӣ ва услуби баён ҳунару истеъдоди худро намоиш доданд. Ҳайати ҳакамон ба донишу истеъдоди довталабон баҳои арзанда дода, ғолиби озмуни «Мураббияи сол - 2014» ба мақсади дарёфти мураббияҳои беҳтарин, эҷодкор ва дилбохтаи касби хешро муайян намуданд. Мақоми аввал ва пирӯзӣ насиби мураббии ширхоргоҳ - кӯдакистони №36 Малика Исобоева гардид. Ба ҷойи дуввум Зарнигор Воҳидова (МТТ№33) ва мақоми сеюм Матлуба Иброҳимова (МТТ№20) мушарраф гаштанд.
Мудири шуъбаи маорифи шаҳри Хуҷанд Саидмухтор Ҷалолов ҳамаи иштирокчиёни озмунро табрику таҳният гуфта, дар вазъияти тантанавӣ ба онҳо ифтихорнома ва туҳфаҳои хотиравӣ тақдим намуд.

Нуъмон Раҷабзода

Хизматрасониҳои МТИ ва К

Ташрифкунандагон

mod_vvisit_countermod_vvisit_countermod_vvisit_countermod_vvisit_countermod_vvisit_countermod_vvisit_countermod_vvisit_counter
mod_vvisit_counterИмрӯз:223
mod_vvisit_counterРӯзи гузашта:213
mod_vvisit_counterҲамин ҳафта:1922
mod_vvisit_counterҲафтаи гузашта:2221
mod_vvisit_counterҲамин моҳ:5718
mod_vvisit_counterМоҳи гузашта:11832
mod_vvisit_counterҲамагӣ:4152370

Навидҳо аз сомонаҳои расмӣ