50 нафар гирандагони стипендияи Раиси шаҳр шудандСанаи 21 майи соли равон, дар маҷлисгоҳи Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Хуҷанд маросими тантанавии супоридани стипендияи Раиси шаҳри Хуҷанд баргузор гардид. Дар он ҳайати комиссияи озмуни стипендияи Раиси шаҳри Хуҷанд, роҳбарони донишгоҳу донишкадаҳои маркази вилоят ширкат намуданд.
Раиси шаҳри Хуҷанд Раҷаббой Аҳмадзода ҷамъомадагонро бо таҷлили Рӯзҳои ҷавонони Тоҷикистон табрик намуда, қайд намуд, ки нерӯю малакаи ҷавонони созанда барои ояндаи дурахшони кишвари азизамон заминаи устувор мегузорад. Раиси шаҳр таъкид намуд, ки маблағи стипендия нисбат ба соли гузашта, 30 дар сад зиёд гашта, ҳамсола ин раванд идома дорад.

Муҳассилини муассисаҳои умумӣ ва олии шаҳри Хуҷанд дар дар ду марҳилаи озмун ширкат намуда, дар давраи ниҳоӣ 72 нафар имтиҳон супориданд.
Аз рӯи натиҷаҳои санҷиш 50 нафар толибилмони мактабҳои таҳсилоти умумӣ, донишҷӯёни муассисаҳои миёнаи махсус ва олӣ бо хулосаи комиссияи таъсисдодашуда, ғолибони озмуни гирандагони стипендия гаштанд.

 

Маркази иттилоотии МИҲД ш.Хуҷанд

Хизматрасониҳои МТИ ва К

Ташрифкунандагон

mod_vvisit_countermod_vvisit_countermod_vvisit_countermod_vvisit_countermod_vvisit_countermod_vvisit_countermod_vvisit_counter
mod_vvisit_counterИмрӯз:442
mod_vvisit_counterРӯзи гузашта:496
mod_vvisit_counterҲамин ҳафта:1933
mod_vvisit_counterҲафтаи гузашта:2622
mod_vvisit_counterҲамин моҳ:9912
mod_vvisit_counterМоҳи гузашта:10474
mod_vvisit_counterҲамагӣ:4216143

Навидҳо аз сомонаҳои расмӣ