Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Хуҷанд корҳои омодагиро барои мавсими зимистонгузаронии солҳои 2014-2015 оғоз намудааст.
Дар мавсими зимистонгузаронии сипаригашта, чанде аз мактабҳои шаҳри Хуҷанд ба тариқи таҷрибавӣ шабакаи алоҳидаи гармидиҳӣ сохта шуд. Ҳоло муассисаҳои таълимии боқимонда доири ин масала чораҷӯӣ намуда истодаанд.
Яке аз мактабҳое, ки бо шабакаи алоҳидаи гармидиҳӣ таъмин хоҳад шуд, ин мактаби таҳсилоти умумии № 13 ба номи Максим Горкий мебошад. Бо мақсади шиносоӣ бо вазъи бунёди дегхона ва корҳои омодагӣ Раиси шаҳри Хуҷанд Раҷаббой Аҳмадзода ба ин мактаб омад.
То оғози соли хониши навбатӣ дар мактаб иншооти шабакаи гармидиҳӣ, бо ду деги гармидиҳанда сохта ба истифода дода мешавад.
Ин корро ширкати «Эко технолоджи» бо маблағи 370 ҳазор сомонӣ ба анҷом мерасонад. Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Хуҷанд бошад 30 фоизи маблағи ин иншоотро аз ҳисоби буҷаи маҳаллӣ пардохт хоҳад кард. Раиси шаҳри Хуҷанд Раҷабой Ахмадзода ба мутахассисон доири саривақт, босифат ва ба риояи талаботҳои мавҷуда ба истифода додани ин иншоотро таъкид намуд. «Ширкати Эко технолоджи» таҷҳизоти гармкуниро аз Ҷумҳурии Полша ворид намудааст. Барои пурра гарм намудани бинои мактаб дар як моҳ 8 тонна ангишт сарф карда мешавад. Холо ин намуди иаҷҳизоти гармидиҳӣ ба тариқи таҷрибавӣ истифода шуда, кори он мавриди таҳлил ва санҷиши ҳамаҷониба қарор дода мешавад.
Ҳангоми боздид Раиси шаҳри Хуҷанд ҳамчунин бо вазъи таълиму тарбия ва сифати иштироки муҳассилин дар дарсҳо ошно шуд. Бо қайди чанде аз камбудиҳо таълим ва иштирок дар дарс Раҷаббой Аҳмадзода ба омӯзгорон ва роҳбарияти мактаби номбурда баҳри ислоҳи камбудиҳои ҷойдошта супоришҳои қатъӣ дод.

Маркази иттилоотии МИҲД ш.Хуҷанд

Хизматрасониҳои МТИ ва К

Ташрифкунандагон

mod_vvisit_countermod_vvisit_countermod_vvisit_countermod_vvisit_countermod_vvisit_countermod_vvisit_countermod_vvisit_counter
mod_vvisit_counterИмрӯз:307
mod_vvisit_counterРӯзи гузашта:370
mod_vvisit_counterҲамин ҳафта:1791
mod_vvisit_counterҲафтаи гузашта:2135
mod_vvisit_counterҲамин моҳ:4787
mod_vvisit_counterМоҳи гузашта:8384
mod_vvisit_counterҲамагӣ:4177823

Навидҳо аз сомонаҳои расмӣ

Навидҳои Раёсати маориф