Маркази таҳсилоти иловагӣ қисми таркибии соҳаи маориф буда, бо рушди қобилияту истеъдоди кӯдакон, наврасон ва ҷавонон, қонеъ гардонидани майлу рағбат ва талаботи маънавии онҳо нигаронида шудааст. Маркази таҳсилоти иловагӣ бо принсипҳои интихоби озоди навъи муассисаҳои таҳсилот, майлу хоҳиши хонадагон асос ёфта, барои хонандагони тамоми мактабҳои шаҳр дастрас аст. Муасисаи мазкур мутобиқи моддаҳои 8 ва 22 Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи маориф”, дар асоси Низомномаи Маркази таҳсилоти иловагӣ, ки аз тарафи Вазорати маорифи Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 30 июни 2007 таҳти рақами 348 тасдиқ карда шудааст ва қарору фармонҳои Вазорати маорифи Ҷумҳурии Тоҷикистон, Раёсати маориф ва шӯъбаи маориф, нақшаи солона фаъолияти худро ба роҳ мондааст.
Маркази таҳсилоти иловагӣ барои тарбияи насли наврас нақшаи корӣ тартиб дода, дар асоси он озмунҳои “Техникони ҷавон”, “Бозиҳои миллӣ”, “Академияи хурди илмҳо”, “Ғунчаҳои санъат”, “Осорхонаи беҳтарин”, “Ватанпарвар”-ро гузаронида, фаъолияти маҳфилҳои “Техникои ҷавон” ва “Академияи хурди илмҳо” –ро ба роҳ мондааст. Дар Маркази таҳсилоти иловагӣ 28 номгӯи маҳфил амал мекунад, ки инҳо маҳфилҳои “Театри бачагона”, “Дӯзандагӣ ва буррандагӣ”, “Гулдӯзии миллӣ”, “Кешбофии бадеӣ”, “Ровиён”, “Хор”, “Рӯзғордорӣ”, “Забони русӣ”, “Забони англисӣ”, “Омӯзиши компютер”, “Ватанпарвар”, “Зардӯзӣ”, “Дуредгарӣ”, “Рассомӣ”, “Бозичаҳои нарм”, “Математикони ҷавон”, “Техникони наврас” мебошанд.  Инчунин дар Марказ шӯъбаҳои методӣ, эстетикӣ, сайёҳӣ-кишваршиносӣ, табиатдӯстон, техникӣ ташкил карда шудааст. Аъзоёни маҳфилҳо 708 нафарро ташкил медиҳанд.
Маркази таҳсилоти иловагӣ кӯшиш ба харҷ медиҳад, ки ҳамаи хонандагони душвортарбияи мактабҳои шаҳрро ба маҳфилҳои Марказ ҷалб намуда, шавқу завқи онҳоро нисбати ҳунаромӯзӣ ва интихоби дурусти касб бедор намояд. Тибқи нақша-чорабиниҳои Маркази таҳсилоти иловагӣ бахшида ба ҷашнҳои таърихӣ аз тарафи аъзоёни маҳфилҳо чорабиниҳои гуногун гузаронида мешаванд. Барои аъзоёни маҳфилҳо ба ҷойҳои таърихии шаҳрӣ, вилоятӣ ва Планетария экскурсияҳо ташкил карда мешавад.
Аъзоёни маҳфилҳои Маркази таҳсилоти иловагӣ ҳамасола дар чорабиниҳои умумишаҳрӣ бахшида ба таҷлили иди Наврӯз, иди Ғалаба, Ваҳдати миллӣ, Рӯзи истиқлолият фаъолона иштирок мекунанд.  Саҳми кормандони Маркази таҳсилоти иловагӣ дар таълиму тарбияи хонандагони шаҳри Хуҷанд хеле назаррас аст.
Маркази таҳсилоти иловагӣ базаи асосии Созмони талабагӣ ба шумор меравад, Созмони талабагии муассисаҳои таълимӣ кӯдаконро дар рӯҳияи ватандӯстӣ, инсондӯстӣ, муносибати бошуурона ба меҳнат, ба моликияти ҷамъиятӣ, эҳтиром ба таърих, фарҳанг, анъанаҳо, расму оинҳои миллии халқи худ ва дигар миллату халқиятҳо тарбия карда, ҳуқуқи онҳоро ҳимоя менамояд.

Кормандони Маркази таҳсилоти иловагии шаҳри Хуҷанд:

Хизматрасониҳои МТИ ва К

Ташрифкунандагон

mod_vvisit_countermod_vvisit_countermod_vvisit_countermod_vvisit_countermod_vvisit_countermod_vvisit_countermod_vvisit_counter
mod_vvisit_counterИмрӯз:136
mod_vvisit_counterРӯзи гузашта:381
mod_vvisit_counterҲамин ҳафта:949
mod_vvisit_counterҲафтаи гузашта:2665
mod_vvisit_counterҲамин моҳ:6610
mod_vvisit_counterМоҳи гузашта:8384
mod_vvisit_counterҲамагӣ:4179646

Навидҳо аз сомонаҳои расмӣ