Дар мактаби таҳсилоти миёнаи умумии №2, шаҳри Хуҷанд ба ифтихори гиромидошти Рӯзи модар ҷамъомади тантанавӣ таҳти унвони «Модар-сарчашмаи бепоёни меҳр» баргузор гардид. Муовини Раиси шаҳри Хуҷанд табрикоти Раиси шаҳрро қироат намуда, омӯзгоронро ба ин ҷашни фархунда табрику таҳният гуфт. Мудири шуъбаи маорифи шаҳри Хуҷанд Азназаргузаронии маҳсули меҳнати кӯдаконСаидмухтор Ҷалолов таманниёт ва табрикоти хешро бо суханони Президенти кишвар: «Мо имрӯзро махсус чунин ном ниҳодаем, ки эҳтирому арҷгузории хосаи худро ба бузургӣ ва азамати модарони поксиришти хеш – офарандагони зиндагӣ ва сарчашмаи ҳаёти наслҳо собит созем. Зеро ҳама эъҷозу парвоз, ҳама эҷоду бунёд ва ҳама мардонагию қаҳрамонӣ натиҷа ва самараи заҳмати шабонарӯзии модар аст. Яъне, дунё дар домони биҳиштии модар парвариш меёбад ва аз ин рӯ, башарият ҳамеша аз ӯ сипосгузор мебошад» ба иштирокчиёни ҷамъомад баён дошт.

Сухани табрикотӣБо ин таманниёт ва бо камоли шодмонӣ, аз самими дил ҷашни фархундаи Рӯзи Модар – 8-уми мартро, ки нишони самимият ва эҳтирому гиромидошти аҳли ҷомеа ба шахсияти занону модарон мебошад, ба ҳар яки Шумо табрику муборакбод гуфта, бароятон тансиҳатию хотирҷамъӣ, шодию нишот, саодату фараҳмандӣ, файзу баракати умр ва дар ҷодаи фаъолият комёбиҳои эҷодию таълимиро таманно дорам.

Модарони азиз! Таҷлили Рӯзи Модар дар оғози фасли зебоманзари арӯси сол - баҳори нозанин аз бузургии сиришти занону модарон башорат медиҳад. Аслан дунёи Зан - модар баҳористони гулафшони зиндагист. Модар меҳвари хонадон ва оромиши ҷон мебошад. Қудрату эъҷози сухан дар тавсифи комили мақому манзалати Зан – модар оҷизӣ мекунад. Ин маъниҳоро шоири ширинкалом, шодравон Лоиқ Шералӣ хеле зебо ифода намуда, ба риштаи назм кашидааст:

Сад ҷону дил фидои як муддаои модар,
Фатҳу кушоиш орад дасти дуои модар.
Ғамхору ғамшарикон аз мӯи сар зиёданд,
Аммо ба рӯзи сахтӣ холист ҷои модар.
Гар шоирони олам як ҷо мадеҳа гӯянд,
Як байт ҳам наярзад андар санои модар.

Оре, гарчанде то имрӯз шоирону нависандагон бо қаламу мусаввирон бо муқалам ва муҷассамасозон бо нерӯи ҳунару тахайюл симои модарро офарида бошанд ҳам, вале он назди ҷозибаи азамати модар заррае дар баробари нури офтоби оламтоб нест. Зеро ҳамагуна эъҷозу парвоз, офарандагӣ ва мардонагию қаҳрамонӣ натиҷаю самараи фидокориҳои шабонарӯзии модарон мебошад. Модар ба мо ҳаёт мебахшад ва беҳтарин хислатҳои инсониро дар вуҷудамон бо шири зулолу сапедаш ҷой медиҳад. Дасти дуои модар ба қалби мо қуввату мадори ҷон бахшида, домони поку мубаррояш нахустин мактаби тарбияи инсоният ба шумор меравад.Ба қавли Президенти мамлакат, Ҷаноби Олӣ, мӯҳтарам Эмомалӣ Раҳмон: «Зан-модар тавлидгару мураббии инсон, ва устоди беназири фарзанд аст, нахустин мактаби инсон мактаби модар мебошад, ки ҳамаи мо таҳти парасторӣ ва меҳру навозиши ӯ ба камол расидаем, сабақи одамият омӯхтаем».

Дар айёми Истиқлолият, дар партави марҳамату ғамхориҳои Сарвари давлат мақому манзалати занону модарони тоҷик ҳамчун офарандагони зиндагӣ, тарбиятгарони наслҳо ва неруи муқтадири пешбарандаи ҷомеа хеле устувор гардид. Имрӯз бо шарофати озодию истиқлоли Ватани маҳбубамон занону хоҳарон ва модарони арҷманди мо дар соҳаҳои мухталифи ҳаёти ҷомеа баробари мардон заҳмат кашида, бо мақсади таҳкими иқтидору тавоноӣ ва обрӯю манзалати баланди байналмилалии кишвар зафармандона саъю талош менамоянд. Саҳми бонувону модарони азизамон, махсусан дар пешрафти соҳаҳои илму маориф, фарҳанг, тандурустӣ ва дигар самтҳои иқтисодию иҷтимоии мамлакат бештар ба назар мерасад. Айни замон дар ҳамаи намуди муассисаҳои таълимии шаҳри Хуҷанд наздики ду ҳазор нафар бонувон ба таълиму тарбияи шоистаи насли наврас машғул ҳастанд, ки ин наздик ба 90 фоизи умумии кормандони соҳаи маорифи шаҳрро ташкил медиҳад. Ширкати бештари модарону хоҳарон дар таълиму тарбия шаҳодати барҷастаи садоқати Зан-модар нисбат ба ояндаи дурахшон ба татбиқи рисолати азалии онҳо дар ҷомеа мебошад. Устодону омӯзгорони шаҳри Хуҷанд баҳри босавод ва хушақлоқ ба камол расонидани тарбиятгирандагону толибилмон чун модарони мушфиқ аз таҳти дил заҳмат мекашанд. Имрӯз мо аз файзи раҳнамоию лутфу марҳамати як зумра бонувони собиқадори маорифи шаҳр ба монанди Фотима Самадова, Муқаддам Юсупова, Раҳбар Қаҳҳорова, Наимахон Муъминова, Муяссар Деҳқонова, Фотима Аҳророва, Муборак Абдуллоева, Меҳрӣ Кенҷаева, Хосият Мисаидова баҳрманд гардида, ба сӯи уфуқҳои тозаи муваффақият қадам мезанем. Фаъолияти як қатор омӯзгорони пешқадаму эҷодкор ва навовар, ки анъанаҳои неки педагогии собиқадорони маорифро идома дода, ба дастовардҳои намоён ноил шудаанд, шоистаи тавсифу таҳсин мебошад. Теъдоди чанде аз омӯзгорони ҷавон низ омили пешрафти кори таълиму тарбия дар шаҳри Хуҷанд гардидаанд. Умуман нақшу мақоми бонувону хоҳарон дар пешрафти соҳаи маориф хеле барҷаста мебошад. Онҳо бо истифодаи роҳу усулҳои муосири таълиму тарбия, азму иродаи қавӣ ҳамаи мушкилиҳои пешаи пурзаҳмати омӯзгориро паси сар карда, бо сеҳри сухан, панду андарз ва таҷрибаи ҳаётӣ шухию бесарӣ, ҳавову ҳавас ва беқарории баъзе шогирдонро таҳаммул намуда, барои камолоти маънавию ахлоқии онҳо бедареғ заҳмат мекашанд.
Ҳоло тамоми ранҷу заҳмати таълиму тарбияи насли наврас дар ин айёми қувват гирифтани равандҳои номатлубӣ ҷаҳонишавии ҳаёти инсоният, таҳоҷуми фарҳанги бегонагон ва рӯз то рӯз шиддат гирифтани рақобати тамаддунҳо ба дӯши нозуки модарону бонувон афтидааст, ки онро чун қарзи муқаддаси рисолати худ пазируфтаанд.
Пас месазад, ки дар назди симои аҳуроии модарону бонувони азиз сари таъзим фуруд оварда, ба ҳамаи онҳо дар ин айёми хуҷастапай саодати рӯзгор, саломатии бардавом, хотири ҷамъ ва бахту саодати фарзандонро таманно намоем. Дилам мехоҳад, ки дар ин рӯзи фархунда бо ин гуфтаҳои Президенти кишвар, Ҷаноби Олӣ, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бори дигар ҳамаи Шумо азизонро шодбош гӯям:
«Мақому манзалати волои Модар, заҳмату шабзиндадориҳои ӯ ва рафтори неку пурмуҳаббаташ нисбат ба наслҳои башарият боис гардид, ки Модарро ҳамчун бузургтарин ва муқаддастарин инсон ҳамеша дӯст доранд ва азиз шуморанд.
Ҳамду сано ба Зан-Модар, ки муҳаббати ӯ интиҳо надорад ва пойдории ҳаёти инсоният ва бақои одамият аз бузургиву фазилатҳои ӯст».
Баъдан дар вазъияти тантанавӣ як зумра омӯзгорони собиқадор ва соҳибтаҷриба бо ифтихорномаву сипосномаҳо ва туҳфаҳои хотиравӣ қадрдонӣ карда шуданд. Баромади дастаи ҳунармандони муассисаҳои томактабӣ ва мактабҳои шаҳр чун дастагули наврузӣ хотири иштирокчиёнро болида гардонд.

 

Нуъмон Раҷабзода

Хизматрасониҳои МТИ ва К

Ташрифкунандагон

mod_vvisit_countermod_vvisit_countermod_vvisit_countermod_vvisit_countermod_vvisit_countermod_vvisit_countermod_vvisit_counter
mod_vvisit_counterИмрӯз:43
mod_vvisit_counterРӯзи гузашта:392
mod_vvisit_counterҲамин ҳафта:816
mod_vvisit_counterҲафтаи гузашта:2135
mod_vvisit_counterҲамин моҳ:3812
mod_vvisit_counterМоҳи гузашта:8384
mod_vvisit_counterҲамагӣ:4176848

Навидҳо аз сомонаҳои расмӣ