НИЗОМНОМАИ
шӯъбаи маорифи
Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии
шаҳри Хуҷанд

I. Қоидаҳои умумӣ

1.  Шӯъбаи маорифи Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Хуҷанд (минбаъд -  Шӯъба) сиёсати ягонаи давлатиро дар соҳаи маорифи шаҳр амалӣ менамояд, танзими меъёрии ҳуқуқии соҳа, фаъолияти мақомоти маҳаллии идораи маориф, муассисаҳои таълимии  таҳсилоти умумӣ, таҳсилоти  томактабӣ, таҳсилоти иловагӣ, бахши Хадамоти давлатии  назорат дар соҳаи маориф дар назди шӯъбаи маориф, Маркази технологияи информатсионӣ ва коммуникатсияи назди шӯъбаи маориф  ва дигар сохторҳои марбути маорифро таъмин карда, фаъолияти идоракунӣ, назоратӣ, таълимӣ, тарбиявӣ дорад ва васояту парасторӣ, дастгирӣ ва ҳифзи иҷтимоии хонандагон, тарбиятгирандагон ва кормандони   педагогии соҳаи маорифи  шаҳрро амалӣ мегардонад.
2.  Шӯъба ҳамоҳангсозӣ ва назорати фаъолияти муассисаҳои таълимиро бевосита ва ба воситаи Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Хуҷанд ва дар ҳамкорӣ бо дигар мақомот ва ташкилотҳои марбута амалӣ месозад.
3. Шӯъба дар фаъолияти худ Конститутсияи (Сарқонуни) Ҷумҳурии Тоҷикистон, Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи маориф», қонунҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон, санадҳои меъёрии ҳуқуқии  Вазорати маорифи Ҷумҳурии Тоҷикистон,  мақомоти   иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳр санадҳои ҳуқуқии байналмиллалии эътирофнамудаи Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Низомномаи мазкурро ба роҳбарӣ мегирад.
4. Фаъолияти Шӯъба аз ҳисоби буҷети мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳр, инчунин кӯмакҳои сармоягузорони дохиливу хориҷӣ, грантҳо ва дигар манбаъҳое, ки қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон манъ намекунад, маблағгузорӣ мешавад.
5. Муносибати Шӯъба бо корхонаҳо, муассисаҳо ва  дигар ташкилотҳо тавасcути шартномаҳо ва санадҳои меъёрии ҳуқуқии Ҷумҳурии Тоҷикистон сурат мегирад.
6. Шӯъба шахси ҳуқуқӣ буда, дорои  мӯҳр бо тасвири Нишони давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва сабти номи худ бо забони давлатӣ ва русӣ, штампу бланкаҳои дахлдор, баланси мустақил мебошад ва аз суратҳисоби ягонаи хазинадории Идора ва  Шӯъбаҳои молияи мақомоти иҷроияи маҳалии ҳокимияти давлатии шаҳр хизматрасонӣ карда мешавад.


II. Ваколатҳо

7. Шӯъба дорои ваколатҳои зерин мебошад:
- механизми муосири идоракунӣ ва маблағгузории муассисаҳои таълимӣ, хизматрасонии пулакии таълим, мустақилияти молиявии таълимгоҳҳо, истифодаи самараноки маблағҳои давлатӣ ва сармояггузории дохилию хориҷиро назорат мебарад ва ба рушди муассисаҳои таълимии хусусӣ мусоидат менамояд.
- фаъолияти муассисаҳо ва дигар ташкилотҳоеро, ки бо шӯъба дар асоси созишнома дар соҳаи маориф фаъолият мекунанд, ҳамоҳанг месозад;
- якҷоя бо мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳр ва дигар мақомоти дахлдор таълиму тарбияи кӯдакони аз ҷиҳати ҷисмонӣ ва ақлонӣ ноқис, кӯдакони душвортарбия ва кӯдакони ятиму бепарасторро дар асоси қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон ба  роҳ мемонад;
- оид ба масъалаҳои маориф конфронсҳо, семинарҳо, симпозиумҳо, озмунҳо, намоишгоҳҳо, маҷлисҳои машваратӣ мегузаронад, дар кори муассиса ва ташкилотҳои дигар, комиссияҳо, кумитаҳо, форумҳо, симпозиумҳо, намоишгоҳҳо ва озмунҳои ҷумҳуриявӣ ва байналмиллалии марбути соҳаи маориф ширкат меварзад;
- Шӯъба ҳимояи маълумоти махфии давлатиро  дар доираи салоҳияти худ таъмин месозад;
- бозомӯзӣ, такмили ихтисос ва таҳсилоти иловагии кормандони соҳаи маорифи шаҳрро таъмин мегардонад;
- якҷоя бо муассисаҳои тандурустии шаҳр оид ба таъмини ҳифзи ҳаёт ва саломатии кӯдакону хонандагон ва омӯзгорон шароит фароҳам меорад;
- маълумоти омориро оид ба инкишофи соҳаи маорифи шаҳр ҷамъ ва таҳлил намуда, мутобиқи тартиби муқараргардида ба мақомоти дахлдор пешниҳод мекунад ва дар навбати худ аз мақомоти давлатии омор маълумот мегирад;
- иттилооткунии соҳаи маорифро якҷоя бо мақомоти иҷроияи  ҳокимияти давлатии шаҳр ва муассисаву ташкилотҳои дахлдор таъмин месозад;
- бо ташкилотҳои байналмиллалӣ мутобиқи тартиби муқарраршуда дар соҳаи маориф ҳамкориҳоро ба роҳ мемонад;
- кормандони беҳтарини соҳаро ба мукофотҳои давлатӣ ва соҳавӣ пешниҳод менамояд;
- бо тартиби муқарраргардида озмунҳои «Муаллими сол», «Директори сол», «Мактаби сол», «Мураббии сол»,  «Мудири кӯдакистони сол», «Кӯдакистони сол», «Синфи беҳтарини сол», «Хонандаи сол» мегузаронад;
- хонандагону омӯзгорони беҳтаринро ба идрорпулии мақомоти иҷроияи  ҳокимияти давлатии шаҳр пешниҳод мекунад;
- бо Шӯрои падарону модарон ҳамкорӣ намуда, самаранок ва мақсаднок истифода шудани маблағҳои ғайрибуҷетии соҳаи маорифро назорат мебарад;
- таълиму тарбия ва таҳсили кӯдакони синни томактабӣ ва мактабиро дар муассисаҳои таълимии шаҳр, сарфи назар аз шаклҳои ташкилию ҳуқуқӣ ва моликият то дарёфти таҳсилоти миёнаи умумӣ назорат мебарад.  
- мутобиқати мазмуни раванди таълиму тарбияро ба талаботи стандартҳои давлатии таҳсилот дар муассисаҳои таълимии шаҳр сарфи назар аз шаклҳои ташкилию ҳуқуқӣ ва моликият дар доираи салоҳияти худ назорат ва таъмин менамояд;
- кӯдакони ноболиғро, ки аз парастории падару модар (шахсоне, ки онҳоро иваз мекунанд) маҳруманд, муқаррар намуда, онҳоро дар хонаи кӯдакон ё мактаб-интернатҳо ҷойгир мекунад, дар таъйин намудани васӣ ё парастор ширкат меварзад, ва фаъолияти онҳоро таҳти назорат мегирад;
- самтҳои асосии рушди маорифро дар шаҳр тибқи пешниҳодоти мақомоти худидораи шаҳр ва муассисаҳои таълимӣ муайян менамояд;
- дар ҳамкорӣ бо мактабҳои таҳсилоти миёнаи махсус ва олии касбии давлатии тамоюли омӯзгорӣ,  муассисаҳои таълимии шаҳрро  бо кадрҳои ихтисосманд таъмин месозад;
- оид ба ҳифзи иҷтимоии кормандони маориф, кӯдакону наврасон, таклифу дархостҳо пешниҳод менамояд;   
- олимон ва мутахассисони соҳаи маорифро ҷиҳати баррасии пешниҳодот оид ба масъалаҳои такмил ва рушди маорифи шаҳр ҷалб менамояд;
- мутаххасисони ҷавонро  ба кор таъмин менамояд;
- тибқи тартиби муқарраргардида ба намудҳои фаъолияти тиҷоратию истеҳсолӣ дар раванди таълим ва дигар намудҳои фаъолият, ки қонунгузории ҷумҳурӣ манъ накардааст ва агар онҳо ба зарари фаъолияти асосии муассисаи таълимӣ набошанд, машғул мешавад.

III.  Ташкили фаъолият

8. Шӯъбаро мудир роҳбарӣ мекунад, ки ӯро Вазири маорифи Ҷумҳурии Тоҷикистон бо розигии хаттии Раиси шаҳр ба вазифа таъин ва аз вазифа озод менамояд.
9. Мудири шӯъба:
- барои иҷрои вазифаҳои ба зиммаи Шӯъба гузошташуда ва дар амал тадбиқ намудани сиёсати давлатӣ дар соҳаи маориф, дар доираи ваколатҳои муайяншуда масъул мебошад;
- фаъолияти умумии Шӯъбаро роҳбарӣ намуда, кори онро ташкил мекунад. Дар доираи ваколатҳои худ фармон ба имзо мерасонад, ки  иҷрои онҳо барои кормандони Шӯъба, мақомоти тобеи он, муассиса ва дигар ташкилотҳои таълимии шаҳр, новобаста аз шакли моликият ва тобеият ҳатмӣ мебошад;
- ба Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии  шаҳр доир ба таъсис, аз навташкилдиҳӣ ва барҳамдиҳии муассиса ва ташкилотҳои таълимии давлатии дар сохтори онбуда, пешниҳод манзур менамояд;
- ба сохторҳои Шӯъба супориш медиҳад ва иҷрои онҳоро талаб менамояд;
- кормандони Шӯъба ва роҳбарони муассисаҳои таълимиеро, ки аз буҷаи шаҳр маблағгузорӣ мешаванд, тибқи қарордоди дутарафа ба мӯҳлати то 5 сол ба вазифа таъин ва аз вазифа озод менамояд;
- дар мувофиқа бо мақомоти маҳаллӣ ротатсияи кадрҳои роҳбарикунандаро ҳар панҷ сол як маротиба мегузаронад;
- кормандони соҳаи омӯзгориро дар мувофиқа бо маъмурияти мактабҳо ба кор таъин ва аз кор озод  менамояд;
- кормандони Шӯъба, роҳбарони муассисаҳои таълимиро ба ҷавобгарии интизомӣ мекашад ва ҳавасманд мегардонад.
10. Шӯъба Шӯрои худро дорад, ки ба он мудир, сармутахассис, инчунин дигар кормандони Шӯъбаи маорифи шаҳр, олимон, собиқадорони соҳа,   директорони муассисаҳои таълимӣ дохил мешаванд.
11. Ҳайати Шӯрои шӯъбаи маорифи шаҳр аз тарафи Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Хуҷанд тасдиқ карда мешавад.
12. Барҳамдиҳӣ ва аз нав таъсис додани Шӯъба дар асоси санадҳои меъёрии ҳуқуқии Ҷумҳурии Тоҷикистон амалӣ мегардад.

Хизматрасониҳои МТИ ва К

Ташрифкунандагон

mod_vvisit_countermod_vvisit_countermod_vvisit_countermod_vvisit_countermod_vvisit_countermod_vvisit_countermod_vvisit_counter
mod_vvisit_counterИмрӯз:401
mod_vvisit_counterРӯзи гузашта:3885
mod_vvisit_counterҲамин ҳафта:401
mod_vvisit_counterҲафтаи гузашта:26728
mod_vvisit_counterҲамин моҳ:81435
mod_vvisit_counterМоҳи гузашта:113007
mod_vvisit_counterҲамагӣ:1464369

Навидҳо аз сомонаҳои расмӣ