БОБИ 1. МУҚАРРАРОТИ УМУМӢ

Моддаи 1. Муносибатҳое, ки Қонуни мазкур танзим менамояд
Қонуни мазкур масъулияти падару модар ва шахсони ивазкунандаи онҳо (минбаъд – падару модар)-ро дар таълиму тарбияи фарзанд танзим менамояд.
Моддаи 2. Қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон дар бораи масъулияти падару модар дар таълиму тарбияи фарзанд
Қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон дар бораи масъулияти падару модар дар таълиму тарбияи фарзанд ба Конститутсияи (Сарқонуни) Ҷумҳурии Тоҷикистон асос ёфта, аз Қонуни мазкур ва дигар санадҳои меъёрии ҳуқуқии Ҷумҳурии Тоҷикистон, инчунин санадҳои ҳуқуқии байналмилалие, ки Тоҷикистон онҳоро эътироф намудааст, иборат мебошад.
Моддаи 3. Мафҳумҳои асосӣ
Дар Қонуни мазкур мафҳумҳои асосии зерин истифода мешаванд:
- фарзанд (кӯдак, фарзанди ноболиғ) - шахси ба синни ҳаждаҳсола нарасида;
- васӣ ва парастор – шахсе, ки ба мақсади ҳифзи ҳуқуқу манфиатҳои шахсони ғайриқобили амал ва қобилияти амали нопуррадошта аз ҷониби мақомоти васоят ва парасторӣ тибқи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон таъин шудааст;

- шахсоне, ки падару модарро иваз мекунанд - васӣ, парастор, фарзандхондагон, шахсоне, ки дар асоси шартнома фарзанди ноболиғро тарбия мекунанд, дигар намояндагони қонунии онҳо ва муассисаҳое, ки кӯдак дар таълиму тарбияи онҳо қарор дорад;
- таълим - фаъолияти якҷояи мақсадноки омӯзгор ва хонанда дар ҳамкорӣ бо падару модар ва дигар шахсон мебошад, ки дар натиҷаи он дониш, маҳорат, малака, тарбия, ақида, ҷаҳонбинӣ ва арзишҳои маънавӣ ҳосил мегардад;

 

- тарбия – раванди бошуурона ва мақсадноки ба воя расонидани фарзанд аз ҷониби падару модар, наздикон ва хешу табор, ҳамсоягон, гурӯҳҳо ва муассисаҳое мебошад, ки мувофиқи хусусиятҳои хос амалӣ мешавад;
- вақти шабона – вақти аз соати 22:00 то соати 6:00.
Моддаи 4. Вазифаи падару модар, давлат ва ҷомеа дар таълиму тарбияи фарзанд
Таълиму тарбияи фарзанд вазифаи муқаддаси падару модар, ҷомеа ва давлат мебошад.


БОБИ 2. ҲУҚУҚ ВА ӮҲДАДОРИҲОИ ПАДАРУ МОДАР ДАР ТАЪЛИМУ ТАРБИЯИ ФАРЗАНД

Моддаи 5. Баробарии ҳуқуқ ва ӯҳдадориҳои падару модар
Падару модар дар таълиму тарбияи фарзанд ҳуқуқ ва ӯҳдадориҳои баробар доранд.
Моддаи 6. Ҳуқуқҳои падару модар дар таълиму тарбияи фарзанд
Падару модар дар таълиму тарбияи фарзанд чунин ҳуқуқҳо доранд:
- ҳуқуқ ва манфиатҳои фарзанди худро ҳимоя намоянд;
- шакл, усули таълиму тарбияи фарзандро интихоб намоянд, ба шарте ки ин шаклу усул ба вазъи саломатӣ ва маънавии фарзанд таъсири манфӣ нарасонад;
- дар идоракунии муассисаи таълимие, ки фарзандашон дар он таҳсил мекунанд, иштирок намоянд;
- ба раванди таълиму тарбия, мазмуни таҳсилот, инчунин бо баҳои аз фанҳои таълимӣ гирифтаи фарзанди худ шинос шаванд;
- дигар ҳуқуқҳоро, ки қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон муқаррар намудааст, амалӣ намоянд.

Моддаи 7. ӯҳдадориҳои падару модар дар таълиму тарбияи фарзанд
Падару модар дар таълиму тарбияи фарзанд чунин ӯҳдадориҳо доранд:
- ба фарзанд тибқи арзишҳои миллӣ номи нек гузоранд;
- пас аз таваллуд фарзандро ҳатман аз қайди сабти асноди ҳолати шаҳрвандӣ гузаронанд;
- барои саломатӣ, инкишофи ҷисмонӣ, маънавӣ ва ахлоқии фарзанди худ ғамхорӣ намоянд;
- фарзандонро ба ҳаёти мустақилона ва меҳнати софдилона омода намоянд;
- фарзандонро дар рӯҳи эҳтиром ба Ватан, арзишҳои миллӣ ва умумибашарӣ тарбия намоянд;
- бе роҳбаладии шахси болиғ гаштугузори фарзанди то синни шашсоларо дар кӯча ва дигар ҷойҳои ҷамъиятӣ манъ намоянд;
- ба фарзанди хурдсоли то шашсола барои гирифтани донишҳои аввалия шароит фароҳам оваранд;
- ба таълим фаро гирифтани фарзандонро таъмин намуда, ба таҳсили онҳо дар муассисаҳои таҳсилоти миёнаи умумӣ монеъ нашаванд;
- фарзандонро ба воситаҳои зарурии таълимӣ таъмин намуда, барои таълиму тарбияи фарзанд шароити муносиб фароҳам оваранд;
- шаъну шарафи фарзандонро эҳтиром карда, ба муомилаи бераҳмона нисбат ба онҳо роҳ надиҳанд;
- новобаста аз ҷинс, син, қобилияти зеҳнӣ, ҷисмонӣ ва рӯҳии фарзандон нисбат ба онҳо муносибати баробар зоҳир намоянд;
- ба фарзандони имконоти маҳдуди ҷисмонӣ ва рӯҳӣ доштаи худ барои гирифтани таҳсил ва касбу шуғл шароит муҳайё сохта, иллати ҷисмонӣ ва рӯҳии фарзандонро пинҳон накарда, дар сурати набудани шароит ба муассисаҳои дахлдори давлатии соҳаи маориф, тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ муроҷиат намоянд;
- аз вазъи фарзандоне, ки дар мактаб-интернатҳо ва дигар муассисаҳои махсусгардонидашуда (новобаста аз шакли моликият ва тобеияташон) таълиму тарбия мегиранд, хабардор шуда, бо чунин муассисаҳо ҳамкорӣ намоянд ва раванди таълиму тарбияи онҳоро зери назорат гиранд;
- донишандӯзӣ ва иштироки фарзандро дар раванди таълиму тарбия назорат карда, бо омӯзгорон, ҳайати кормандон ва роҳбарияти муассисаи таълимӣ оид ба таълиму тарбияи фарзанд мунтазам ҳамкорӣ намоянд;
- ба фаъолияти касбии омӯзгор дахолат нанамоянд;
- дар маҷлисҳои падару модарон ва дигар чорабиниҳои мактабӣ бо даъвати маъмурияти муассисаи таълимӣ ҳатман иштирок намоянд;
- дар вақти шабона ҳузури фарзанди ноболиғро дар муассисаҳои дилхушкунанда, марказҳои компютерӣ ва дигар ҷойҳои ҷамъиятӣ манъ намоянд;
- кирдорҳои зиддиҷамъиятии фарзанд, муомилаи дағалонаи ӯро бо атрофиён, муносибати бераҳмона бо муҳити зистро пешгирӣ намоянд;
- ба фарзандони то ҳафтсола ва фарзандоне, ки дар муассисаҳои таҳсилоти умумӣ, ибтидоии касбӣ, миёнаи касбӣ (сарфи назар аз шакли ташкилию ҳуқуқиашон) таҳсил мекунанд бо худ гирифтан ва истифодаи телефонҳои мобилиро манъ намоянд;
- ба фарзандоне, ки дар муассисаҳои таҳсилоти олии касбӣ ва таҳсилоти касбии баъд аз муассисаҳои таҳсилоти олии касбӣ (сарфи назар аз шакли ташкилию ҳуқуқиашон) таҳсил менамоянд дар ҷараёни таълим истифодаи телефонҳои мобилиро манъ намоянд;
- аз ҷониби фарзанд ҷойгир ва паҳн намудани ахбори ғайриахлоқиро тавассути телефонҳои мобилӣ ва воситаҳои электронӣ пешгирӣ ва манъ намоянд;
- ба фарзанди ноболиғ тамошои филмҳои ғайриахлоқӣ, фаҳш ва хусусияти зӯроварӣ, экстремистӣ, террористӣ доштаро манъ намуда, аз тамошои ин гуна филмҳо худдорӣ намоянд;
- ба фарзанди ноболиғ мутолиа ва паҳн намудани сабтҳои электронӣ, китобҳо, варақаҳо, рӯзномаҳо, маҷаллаҳо ва дигар маводи чопиро, ки хусусияти зӯроварӣ, экстремистӣ, террористӣ ва ғайриахлоқӣ доранд, манъ намоянд;
-иштироки фарзандони ноболиғро дар фаъолияти иттиҳодияҳои динӣ ва чорабиниҳои дастҷамъонаи динӣ (ба истиснои чорабиниҳои азодорӣ) роҳ надиҳанд;
- истеъмоли нӯшокиҳои спиртӣ (аз ҷумла пиво), воситаҳои нашъадор ва моддаҳои психотропӣ, маҳсулоти тамоку (аз ҷумла нос) ва доруҳои сахттаъсирро барои фарзандони ноболиғ манъ намуда, дар ҷойҳои ҷамъиятӣ дар ин ҳолат ҳозир шудани онҳоро пешгирӣ намоянд;
- иштироки фарзандони ноболиғро дар чорабиниҳое, ки барои онҳо тавсия нашудаанд, роҳ надиҳанд;
- ба фарзандони ноболиғ (ва ба донишҷӯён дар муассисаҳои таҳсилотӣ) рондани автомошинаро иҷозат надиҳанд;
- аз ҷониби фарзандони ноболиғ таҳқир ва беэҳтиромӣ намудан нисбат ба омӯзгорон, кормандони мактаб ва хонандагонро пешгирӣ намоянд;
- аз ҷониби фарзандон халалдор намудани оромӣ, истифодаи суханҳои қабеҳ ва рафтори дағалонаро дар кӯчаҳо, хиёбонҳо, майдонҳо, боғу соҳилҳои фароғатӣ, нақлиёт, хобгоҳҳои умумӣ, манзили зист ва дигар ҷойҳои ҷамъиятӣ роҳ надиҳанд;
- барои ба оворагардӣ ва дигар рафторҳои зиддиахлоқӣ машғул шудани фарзанд роҳ надиҳанд;
- ҷалб намудани фарзандони ноболиғ ба корҳои хавфнок ва вазнини ба саломатии онҳо зараровар ва ҳамчунин дигар корҳое, ки ба инкишофи мӯътадили ҷисмонӣ, равонӣ ва рӯҳии фарзандон халал мерасонад, роҳ надиҳанд;
- фарзандони то синни понздаҳсоларо ба фаъолияти соҳибкорӣ ва хариду фурӯш ба истиснои ҳолатҳое, ки қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон иҷозат додааст, ҷалб насозанд;
- гаштугузори фарзандони то шонздаҳсоларо дар ҳудуди биноҳои техникӣ, таҳхонаҳо, болохонаҳои биноҳои истиқоматӣ, корхонаҳо, муассисаҳо, дигар ташкилотҳо ва ҳудуди нуқтаҳои фурӯши сӯзишворӣ манъ намуда, ҳузури онҳоро дар саристгоҳҳои роҳи оҳан, фурудгоҳҳо ва саристгоҳҳои нақлиёти мусофирбар назорат намоянд;
- дар ҷойҳои ҷамъиятӣ навиштан, ифлос намудан ва расонидани зиёнро аз ҷониби фарзандон манъ намоянд;
- бо маводи сӯзандаю тарканда бозӣ кардани фарзандонро манъ намоянд;
- ҷалби фарзандони худро барои гирифтани таълим ба мактабу таълимгоҳҳои ғайриқонунӣ ва ё ба назди шахсони алоҳидаи беиҷозатнома фаъолияткунанда манъ намоянд;
- таълми фарзандони ноболиғро бе иҷозати мақомоти ваколатдори давлатӣ дар хориҷи кишвар иҷозат надиҳанд;
- риоя намудани либосҳои мактабиро аз ҷониби фарзанд дар ҳамаи зинаҳои таҳсилот таъмин намуда, аз ҷониби онҳо пӯшидани либосҳоро дар доираи этикет назорат намоянд;
- истифодаи ҷавоҳирот, зару зевар, дигар ашёҳои қиматбаҳо ва холкубиро барои фарзанди мактабхони худ манъ намоянд;
- фарзанди худро дар рӯҳияи эҳтироми оромгоҳҳо ва дигар ҷойҳои таърихию фарҳангӣ тарбия намуда, ба шикастан ва хароб намудани панҷараҳо, санги мазорҳо, ҳайкалҳо, нимпайкараҳо ва дигар ороишоте, ки дар ин ҷойҳо мавҷуданд, роҳ надиҳанд;
- дигар ӯҳдадориҳоро, ки қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон пешбинӣ намудааст, иҷро намоянд.


БОБИ 3. ӮҲДАДОРИҲОИ МАҚОМОТИ ДАВЛАТӢ, МУАССИСА ВА ДИГАР ТАШКИЛОТҲОЕ, КИ МАСЪАЛАҲОИ ВОБАСТА БА ТАЪЛИМУ ТАРБИЯИ ФАРЗАНДРО ТАНЗИМ МЕКУНАНД

Моддаи 8.Мақомоти давлатӣ, муассиса ва дигар ташкилотҳое, ки масъалаҳои вобаста ба таълиму тарбияи фарзандро танзим мекунанд
Ба мақомоти давлатӣ, муассиса ва дигар ташкилотҳое, ки масъалаҳои вобаста ба таълиму тарбияи фарзандро танзим мекунанд, комиссияи оид ба ҳуқуқи кӯдак, мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатӣ, мақомоти худидоракунии шаҳрак ва деҳот, мақомоти ҳифзи ҳуқуқ, маориф, тандурустӣ, меҳнат ва ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ, кор бо занон ва оила, оид ба корҳои дин, кор бо ҷавонон, варзиш ва сайёҳӣ, иттиҳодияҳои ҷамъиятӣ ва дигар ташкилотҳои соҳавӣ дохил мешаванд.
Моддаи 9. Ӯҳдадориҳои мақомоти давлатӣ, муассиса ва дигар ташкилотҳое, ки масъалаҳои вобаста ба таълиму тарбияи фарзандро танзим мекунанд
Мақомоти давлатӣ, муассиса ва дигар ташкилотҳое, ки масъалаҳои вобаста ба таълиму тарбияи фарзандро танзим мекунанд, дорои чунин ӯҳдадориҳо мебошанд:
- мусоидат ба шаклҳои нави таълиму тарбия дар низоми таҳсилоти умумӣ ва иловагӣ;
- тавассути васоити ахбори умум таблиғ намудани тарзи ҳаёти солим ва дастгирии кӯдакони болаёқат;
- ҳавасманд намудани кӯдаконе, ки дар пешгирии ҳуқуқвайронкуниҳо саҳм гузоштанд;
- ҳавасмандгардонии моддиву маънавии падару модар, ки ҳуқуқу ӯҳдарориҳои худро оид ба таълим ва тарбияи фарзанд пурра иҷро менамояд;
- андешидани тадбирҳо оид ба пешгирӣ намудани содиркунии ҷиноят ва дигар ҳуқуқвайронкуниҳо аз тарафи ноболиғон;
- ташкили «рӯзҳои падару модар» дар муассисаҳои таълимӣ бо мақсади расонидани кӯмакҳои педагогӣ, психологӣ, методӣ ба падару модар;
- тибқи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон муроҷиат намудан ба мақомоти ҳифзи ҳуқуқ ҳангоми аз тарафи падар ва ё модар вайрон кардани талаботи оинномавии муассисаи таълимӣ ва ӯҳдадориҳое, ки тибқи Қонуни мазкур ва дигар санадҳои меъёрии ҳуқуқӣ муқаррар шудаанд;
- баргузор намудани дигар чорабинӣ ва намудҳои фаъолият оид ба масъалаҳои таълиму тарбияи фарзанд ва ҳифзи ҳуқуқу манфиатҳои кӯдак.
Моддаи 10. Ӯҳдадориҳои шахсони воқеӣ ва ҳуқуқӣ оид ба ҳифзи ҳуқуқ ва манфиатҳои кӯдак
Шахсони воқеӣ ва ҳуқуқӣ ҳангоми аз таълиму тарбия дур мондани кӯдак ва ба амали номатлуб даст задани ӯ, инчунин дар мавриди муайян кардани ҳолатҳое, ки ба ҳаёт ва саломатии кӯдак таҳдид менамоянд, ӯҳдадоранд мақомоти дахлдори давлатиро огоҳ созанд.

БОБИ 4. ЧОРАҲОИ ПЕШГИРӢ ВА ҶАВОБГАРӢ БАРОИ ИҶРО НАКАРДАНИ ӮҲДАДОРИҲО ДАР ТАЪЛИМУ ТАРБИЯИ ФАРЗАНД

Моддаи 11. Барқароркунӣ ва офияти иҷтимоии падару модар вобаста ба вазъи саломатӣ ва имконоти маҳдуди моддии онҳо, ки боиси иҷро нагардидани ӯҳдадориҳои падарӣ ва модарӣ мешаванд
Дар сурати аз ҷониби падару модар иҷро нагардидани ӯҳдадориҳо дар таълиму тарбияи фарзанд бо сабабҳои норасоии маблағ барои рӯзгузаронӣ мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатӣ бояд имконияти табобатро дар марказҳои тиббию иҷтимоӣ фароҳам оваранд ва тибқи тартиби муқаррарнамудаи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон падару модарро ба корҳои муваққатӣ таъмин карда, аз ҳисоби маблағҳои аз ин корҳо бадастомада нигоҳубини фарзанди ноболиғи онҳоро таъмин намоянд.
Моддаи 12. Ҷавобгарии падару модар дар таълиму тарбияи фарзанд
1. Дар ҳолати иҷро накардан ё ба тариқи дахлдор иҷро накардани ӯҳдадориҳое, ки дар Қонуни мазкур ва дигар санадҳои меъёрии ҳуқуқии Ҷумҳурии Тоҷикистон пешбинӣ шудаанд, падару модар тибқи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон ба ҷавобгарӣ кашида мешаванд.
2. Падару модар дар таълиму тарбияи фарзанд тибқи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон ҷавобгарии баробар доранд. Падар ё модаре, ки аз фарзанди ноболиғ ҷудо зиндагӣ мекунанд, барои иҷро накардан ё ба тариқи дахлдор иҷро накардани ӯҳдадориҳои падарию модарӣ ба истиснои ҳолатҳои пешбининамудаи қонунгузорӣ ҷавобгар мебошанд.
3. Падару модар нисбат ба кирдори фарзанди ноболиғи дорои қобилияти пурраи амалкунӣ эътирофшуда тибқи тартиби муқарарнамудаи қонунгузорӣ ҷавобгар нестанд.

БОБИ 5. МУҚАРРАРОТИ ХОТИМАВӢ

Моддаи 13.Тартиби мавриди амал қарор додани Қонуни мазкур
Қонуни мазкур пас аз интишори расмӣ мавриди амал қарор дода шавад.

Хизматрасониҳои МТИ ва К

Ташрифкунандагон

mod_vvisit_countermod_vvisit_countermod_vvisit_countermod_vvisit_countermod_vvisit_countermod_vvisit_countermod_vvisit_counter
mod_vvisit_counterИмрӯз:85
mod_vvisit_counterРӯзи гузашта:231
mod_vvisit_counterҲамин ҳафта:784
mod_vvisit_counterҲафтаи гузашта:1918
mod_vvisit_counterҲамин моҳ:2412
mod_vvisit_counterМоҳи гузашта:6989
mod_vvisit_counterҲамагӣ:4681227

Навидҳо аз сомонаҳои расмӣ